Jump to content

Обшиносии кишоварзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Агрогидрология)

Обшиносии кишоварзӣ (форсӣ: آب‌شناسی کشاورزی‎), агрогидрология(аз агро… ва hydos — об ва logos — илм) — як шохаи ҳавошиносии кишоварзӣ, ки хосиятҳои физикӣ ва оби заминро меомӯзад.

Бузургии агрогидрологиро аз рӯи дараҷаи ҳаракат ва ба решаи рустанӣ дастрас будани оби хок муайян мекунанд. Ин имкон медиҳад аз миқдори умумии намии хок ҳамон қисме ҷудо карда шавад, ки барои рӯёндани ҳосили баланди зироат лозим аст. Корҳои саҳроиро барои муайян кардани хосияти агрогидрологии хок дар заминҳои кишти пахта ва дигар зироат баҳорон, ҳангоми нарм ва намнок будани хок мегузаронанд. Бо ин мақсад дар замин чуқурчаҳо кофта, барои санҷиш хок мегиранд ва онро дар лабораторияҳои агро­гидрологӣ таҳқиқ менамоянд. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш усулҳои агротехникии парвариши зироат, низоми обёрӣ ва меъёру муҳлати он аниқ карда мешаванд.