Ҳавошиносии кишоварзӣ
Ҳавошиносии кишоварзӣ (форсӣ: هواشناسی کشاورزی), агрометеорология (аз агро…, юнонӣ meteora — ҳодисоти фазо ва logos — илм) — як шохаи илми ҳавошиносӣ.
Агрометеорология таъсири мутақобили шароитҳои метеорологӣ, иқлимӣ, гидрологӣ ва объекту равандҳои истеҳсолоти кишоварзиро меомӯзад. Агрометеорология чун илм нимаи дуюми асри 19 ба вуҷуд омада, бо биология, хокшиносӣ, рустанипарварӣ, география ва ғайра робитаи мустаҳкам дорад. Агрометеорология агроклиматология, фенологияи кишоварзӣ ва агрометеорологияи пешгӯисозиро дар бар мегирад. Барои пажӯҳишҳои агрометеорологӣ асбобҳои махсус истифода мешаванд. Усули асосии тадқиқоти агрометеорология мушоҳидаи мувозӣ ва санҷиши биометрист. Дар мавриди истифодаи усулҳои мазкур ҳолат, инкишоф, сабзиш, ҳосили зироат ва омилҳои метеорологиро ба қайд мегиранд. Мушоҳидоти агрометеорологӣ, одатан, дар саҳро ва майдончаҳои метеорологӣ гузаронда мешаванд. Бо мақсади тадқиқоти агрометеорологӣ камераҳои иқлимашон сунъиро ҳам истифода мебаранд. Дар чунин камераҳо рӯшноӣ, гармӣ ва намии мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Агрометеорология // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.