Муҳандисии кишоварзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Агротехника)

Муҳандисии кишоварзӣ (англ. Agricultural engineering), агротехника (аз агро… ва юнонӣ techne — санъат) — технологияи деҳқонӣ, маҷмӯи тадбиру усулҳои парвариши зироат ва рӯёндани ҳосили баланд.

Вазифаи агротехника асосан аз киштгардон, шудгори замин, нуриандозӣ, барои кишт омода намудани тухмӣ, кишт, нигоҳубини рустаниҳо, нест кардани алафҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо, ҳосилғундорӣ, яхобмонӣ, обёрӣ ва ғайра иборат мебошад. Таҷдиди кишоварзӣ, ташкил кардани хоҷагиҳо, пешрафти саноатҳои вазнин ва химия барои дар соҳаҳои кишоварзӣ истифода намудани мошину таҷҳизоти ҳозиразамон, барқ, нуриҳои минералӣ, моддаҳои химиявӣ (барои аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон ҳифз намудани рустанӣ) ва усулҳои нисбатан мукаммали агротехника мусоидат намуданд. Дар соҳаи боғу токдорӣ вазифаи асосии агротехника парвариши ниҳолҳои дарозумру серҳосил бо харҷи ками меҳнат мебошад. Иҷрои ин вазифа ба омӯзиши амиқи биологияи дарахтони мева, шароити табиӣ ва техникию иқтисодии парвариши онҳо, истифодаи комёбиҳои навтарини илм, механизатсияи амалиёти технологӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами истеҳсолот ва ғайра вобаста аст. Агротехника корҳои ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини онҳоро дар бар мегирад, масалан, интихоб ва тайёр кардани замин; ниҳолшинонӣ; коркарди замин, нуриандозӣ, обёрӣ ва нигоҳубини ниҳолҳо; омӯхтани таъсироти шароити номусоиди муҳит, касалӣ ва ҳашароти зараррасон ба ниҳолҳо; парвариш ва тайёр кардани ниҳолу қаламча. Асоси назариявии агротехникаро қонуни баробарқиматӣ ва бебадалии омилҳои асосии ҳаёти рустанӣ (рӯшноӣ, гармӣ, намӣ, ғизо, шароити хок, релефи замин, ҳаво ва ғайра) ва зарурати таъсироти баробар ва муштараки онҳо бо роҳи истифодаи усулҳои ҷудогонаи агротехникӣ ташкил медиҳад. Агротехника аз рӯи лоиҳаи бунёди боғу токзор таҳия мешавад. Онро дар асоси маҷмӯи корҳои илмии тадқиқотӣ бо дарназардошти навъ ва таъйиноти истеҳсолии ниҳолҳо, истифодаи маҳсулот, шароити табиию иқлим тартиб медиҳанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона шароити маҳал, хусусиятҳои навъ ва истифодаи маҳсулот низ ба назар гирифта хоҳанд шуд. Барои тайёр кардани замини боғот чунин тадбирҳо гузаронда мешаванд: решакан кардани дарахту буттаҳои бегона, тахту ҳамвор намудани майдон, андохтани нуриҳои органикӣ ва минералӣ, шудгори чуқур, маҳви ҳашароти зараррасони ҳудуди боғу токзор, андешидани тадбирҳои зидди эрозия, бунёд кардани дарахтзори муҳофиз, ба қисмҳо ҷудо кардани замин, нишона кардани ҷойи ниҳол, сохтани роҳ, шабакаи обёрӣ, заҳбурҳо ва ғайра Бо роҳи интихоби тарзи ниҳолшинонӣ, намудҳои хавоза, буридани навдаҳо, нӯгток, хомток, андохтани нуриҳои минералию органикӣ, обёрӣ ва ғайра нашъунамою ҳосилнокии дарахтони боғу токзорро танзим намудан мумкин аст. Боғу токзор ба туфайли истифодаи усулҳои агротехникӣ, ки нумӯи рустаниро беҳтар менамоянд, инчунин андешидани тадбирҳои махсус (хокпӯш кардани буттаҳо, нарм кардани бехи ниҳол, дуддиҳӣ, яхобмонӣ ва ғайра), ҷорӣ намудани усулҳои химиявӣ ва биологии мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо аз таъсироти номусоиди омилҳои муҳит, беморӣ ва зараррасонҳо ҳифз карда мешавад. Дар робита ба васеъ шудани масоҳат. боғу токзорҳо аҳамияти хоҷагиҳои ниҳолпарвар (барои кӯчат) меафзояд. Хоҷагиҳои ниҳолпарвар қисми асосии соҳаи боғдорӣ буда, истеҳсолоти мураккаб доранд (аз ниҳолхонаҳо, гармхонаҳо ва ғайра иборат мебошанд) ва агротехника махсусро талаб мекунанд. Дараҷаи агротехника аз рӯи дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ муайян карда мешавад. Дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи истеҳсолот усулҳои ҷудогонаи агротехника тағйиру такмил меёбад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулов С. М., Мевапарварӣ, Д., 2007; ҳамон муал., Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон, Д., 2008;
  • Ӯрунов Ф., Ниҳолпарварӣ, Д., 2008;
  • Гулов. С. М. (ва дигарон), Бунёди боғ ва нигоҳубини он дар Тоҷикистон, Д., 2010.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]