Адвокати ваколатдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адвокати ваколатдор — соҳибкоре, ки дар асоси иҷозатнома ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Тарзи фаъолият ва усули кории адвокати ваколатдорро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» муқаррар намудааст. Дар асоси қонуни мазкур шахсе ба сифати адвокати ваколатдор амал карда метавонад, ки ваи аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нҷозат гирифта бошад. Адвокати ваколатдор нафароне шуда метавоианд, ки оиҳо маълумоти олии ҳукуқӣ, собикаи кории касбӣ дошта, аъзои коллегияи адвокатҳои ҷумҳурӣ намебошанд. Шахсоне, ки хоҳиши адвокати ваколатдор ш удаиро дош та бошанд, ҳуҷҷатҳои лозимаро тибқи мукаррароти м.29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ба Вазорати адлия пешниҳод мекунанд. Баъд аз баррасии ҳуҷҷатҳои довталаб Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ иҷозатнома (литсензия) медиҳад. Дар ҳолати рад намудани хоҳиши шахс ё баррасӣ накардани маводи шахси довталаб ӯ метавонад ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд. Баъд аз гирифтани иҷозатнома ӯ ҳамаи ҳуқуқҳои адвокати касбиро доро мегардад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 16-17