Адлияи маъмурӣ
Адлияи маъмурӣ — низоми муассисаҳои судиест, ки барои ҳаллу фасли баҳсҳои дар раванди фаъолияти идоракунӣ бавуҷудоянда муайян шудаанд. Се қолаби адлияи маъмуриро аз ҳам фарқ мекунанд: қитъавй, яъне континенталӣ (мавҷуд будани низоми ҷудогонаи судҳои махсугардондашуда), англоамрикой (салоҳияти васеи судҳои умумй оид ба дида баромадани баҳсҳои маъмурӣ бо иштироки шаҳрвандон). омехта (қисман баҳсҳоро судҳон умумй дида мебароянд, қисми дигарро судҳои махсусгардондашуда). Асосҳои конститутсионӣ барои мавҷудияти адлияи маъмурӣ бештар вақт дар меъёрҳо оид ба ҳуқуқи шаҳрванд ҷой дорад (м. 17 Конститутсияи Япония с. 1947 ҳуқуқи инсонро пешбинӣ мекунад, ки «аз давлат е мақомоти маҳаллии ҳокимияти расмӣ талаб кардани товони зарареро дорад, ки агар зарар ба ӯ дар натиҷаи кирдори ғайриқонунии касе аз шахсони мансабдор расонида шуда бошад») ва дар меъёрҳо дар бораи вазифаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор муқаррар шудааст, ки («Шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ва идораҳои расмӣ барои содир кардани кирдоре, ки ҳукуқҳои касеро вайрон мекунад, мувофиқи қонунҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ ва маъмурӣ бевосита ҷавоб медиҳанд» - м.28 Консгитутсияи Япония с. 1947). Ба ҳамин монанд, меъёрҳо дар Қонстигутсия ва қонунҳои конститутсионии давлатҳои аъзои ИДМ низ ҷой доранд. Масалан, мувофиқи м.53 Конститутсияи Федератсияи Русия ҳар кас ҳуқуқи аз тарафи давлат ситондани товони зарареро дорад, ки бо амали (ё беамалии) ғайриқонунии [[мақомоти ҳокимияти давлатӣ]] ё шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст. Адлияи маъмурӣ барои реҷаҳои авторитарӣ хос нест.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.19