Азим Насимов
Азим Насимов (тав. 20.05.1936, деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1963), дотсент (1965).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1954–1958 дар Донишгоҳи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Ленинград таҳсил кардааст. Солҳои 1958–1961 ҷонишини директори Техникуми молиявӣ- омории шаҳри Орҷоникидзеобод (имрӯза Ваҳдат) оид ба корҳои таълимӣ, 1961–1964 аспиранти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1964–1965 муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ, 1965–1970 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба таълими шабона буд. Солҳои 1970–2008 ҳамчун дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва идоракунии маорифи факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз декани факултети иқтисодёт ва идоракунии соҳаи маорифи донишгоҳи мазкур мебошад. Солҳои 1995– 2000 вакили мардумӣ дар маҷлиси намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе буд. Оид ба фоидаҳои ҷамъиятии истеъмол ва нақши онҳо дар инкишофи соҳаи иҷтимоӣ тадқиқоти илмӣ ба анҷом расонидааст. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1968) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳавасмандии моддӣ ва меҳнат, роли онҳо дар инкишофи иқтисод, Д., 1968;
- Труд, продукты, стоимость, Д., 1997;
- Общественное производство – основа благополучия общества, Д., 1999;
- Асосҳои идоракунии маориф (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2008.
- == Пайвандҳо ==
- Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ