Jump to content

Азия-Плюс (ҳафтанома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Азия-плюс (ҳафтанома))
Навъ ҳафтанома

Ношир ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс»
Сармуҳаррир Бобохонов Умед Мансурович
Даврият 2 маротиба дар як ҳафта

«Азия-плюс»ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ ба забони русӣ мебошад, ки яке аз 3 ширкатҳои мустаъқили ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» аст.

Газетаи ҷамъиятӣ-сиёсии ASIA-Plus аз моҳи январи соли 2000 ба нашр мерасад. Бо ҷоизаи Иттиҳоди журналистони ҶТ ба номи А.Лоҳутӣ қадрдонӣ шудааст. Миёни нашрияҳои мустақили кишвар газетаи «Азия-Плюс» шумори аз ҳама бештари нашр дошта, дар бозори нашрияҳои чопии Тоҷикистон устуворона мавқеи пешсафиро касб кардааст. Маҷаллаи рангаву пурҷилои «VIPzone» замимаи иттилоотиву фароғатӣ ба газетаи ASIA-Plus, буда, аз моҳи марти соли 2008 чоп мешавад[1]

  • Ношир - ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс».
  • Мавзӯъҳои рӯзнома – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимои фарҳангии ва варзишии мамлакат мебошад.
  • Рӯзнома ба андозаи А – 3 76 саҳифа ба забони русӣ дар як ҳафта 2 маротиба рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе нашр мешавад.

Ҳайати эҷодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2014 Сармуҳаррир: Умед Бобохонов. Муҳаррир: Марат Мамадшоев, рӯзноманигорон: Олга Тутубулина, Аваз Юлдашев, Наргис Хамрабаева, Тимур Варки, Рамзия Мирзобекова, Манижа Қурбонова, Хайрулло Мирсаидов, Ҳайдар Шодиев, Игор Лекаркин, Фируз Умарзод, Акмал Манонов, Тилав Расулзода, Мавлуда Рафиева, Турко Дикаев (Кӯлоб), Шоҳнавруз Афзалшоев (Хоруғ), Сайраҳмон Назриев, Мавзуна Абдуллаева [2]
  • 2017 Сармуҳаррир: Умед Бобохонов. Муҳаррир:Олга Тутубулина, рӯзноманигорон: Зебо Таджибаева, Роза Шапошник, Аваз Юлдашев, Мавзуна Абдуллаева, Ҳайдар Шодиев, Манижа Қурбонова, Лилия Гайсина, Пайрав Чоршанбиев, Акмал Манонов, Сайфиддин Караев, Аъзам Ахруллоев, Баҳром Фазуллаев (Хуҷанд), Сайраҳмон Назриев (Қурғонтеппа).[3]