Аз Ориён то Сомониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

“Аз Ориён то Сомониён” - Китоби Эмомалӣ Раҳмонов аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" мебошад.

"Аз Ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" нашр шуд, ки тӯҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.

Китоби "Аз Ориён то Сомониён" аз панҷ боб иборат буда, идомаи тадқиқоти илмии таърихӣ ва андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро оид ба гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ мебошад. Ҳадафи асосӣ аз тадқиқоти илмӣ ва таълифи китобҳои мазкур дар сарсухани китоби аввал аз ин силсила хеле возеҳу фаҳмо зикр гашта буд: "Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд."

Ба ин ва суолҳои зиёди дигар оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо дар ин китобҳо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамон сарсухан таълифи китобҳоро на "даъвои олимӣ ва таърихнигорӣ", балки "ҳиссаи хоксоронаи як фарзанди модари тоҷик" маънидод кардааст, вале дар асл бошад китобҳои "Аз Ориён то Сомониён" аз силсилаи китобҳои "Тоҷикон дар оинаи таърих" дар роҳи шинохту муаррифии фарҳанги бостонии ориёӣ ва таърихи пурғановати миллати тоҷик дорои арзиши баланди илмию таърихӣ арзёбӣ мегарданд.

Нигаред[вироиш]

Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих.Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум.- London: Flint river editions Great Britian, 1999. - 240 c.[1]