Академияи мақоми Тоҷикистон
Академияи мақоми Тоҷикистон — таълимгоҳи амалию таҳқиқии олии мусиқӣ.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2003 бо дастгирии Ҳукумути Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки бахши фарҳангии Бунёди Оғохон, бо ибтикори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов таъсис шудааст.
Тадрис ва тарбияи наврасон ва ҳунармандони ҷавон дар таълимгоҳи мазкур бо усули нави омӯзишӣ ва дарки асосҳои шашмақом (муаллиф ва тарҳрезии ин барномаи омӯзиши тавассути Абдувалӣ Абдурашидов пешниҳод шуда), сурат гирифтааст. Мусаннифи ин барнома роҷеъ ба асосҳои ташаккули пардаии мақомҳо, таносубу ҳамоҳангии зарбии мусиқӣ ва авзони шеърӣ, сохтору ниҳодҳои оҳангии ин падидаи шеърию мусиқӣ ва ғайраро бар пояи пажӯҳишоти илмию амалӣ анҷом дода, такя бар дониш ва таҷрибаи андӯхтааш ба бунёди чунин боргоҳи ҳунарии ҳирфаӣ дастёб шудааст. Мақсади таъсиси таълимгоҳи мазкур аз эхёи анъанаҳои асили устодонаи мусиқии Шашмақом (устод-шогирд, силсилахонӣ, эҷоди мусиқии макомӣ), тарбияи насли нави иҷрокунандагону тарғибгарон, донандагону эҷодкорони ҳирфаии мусиқии Шашмақом, ичрои маҷмӯии мақомҳо бо такмили нав ва сабти он дар СД, бо таҳриру такмили нав, интишор намудани китоби шашҷилдаи «Шашмақом» ва таълифи дастуру барномаҳои таълимӣ роҷеъ ба масоили мубрами ин шоҳкории мусиқӣ иборат аст.
Дар Академияи мақом 8 нафар сарояндагону навозандагон – Ашӯрова Озода, Хуршед Иброҳимов, Насиба Омонбоева, Зумрад Самиҷонова, Сироҷиддин Ҷӯраев, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Камолиддин Ҳамдамов ва Ҷамшед Эргашев соли чорум аст, ки ба ҳайси шогирд зери сарварии устод Абдувалӣ Абдурашидов дониши амалию назарии хешро сайқал медиҳанд. Гурӯҳи ҳунармандони Академия то кунун қисмҳои «Наср» ва «Савт»-и мақомҳои «Рост», «Наво», «Бузург», «Дугоҳ», «Ироқ» ва «Сегоҳро» дар маҷмӯъ (дар шакли силсила) омӯхта, сабти аудиоӣ ва видеоии ин шоҳкории шеъру мусиқиро барои дӯстдорони ҳунари зебо пешкаш намуданд. Академияи мақом бо барномаҳои гуногуни консертӣ дар пойтахт, манотиқи ҷумҳурӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, мамолики Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупо, Амрико бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуда, сарвати гаронбаҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо эҷоднамудаи тоҷиконро бо тозаҳунарии иҷроӣ манзури сомеъон гардонидааст. Барои хидмат ва ибтикороти ҳунарӣ дар тарғиби мероси мусиқии классикии тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ, маҳорати баланди иҷроӣ чанде аз сарояндагони гурӯҳи ҳунармандони Академияи мақом ва иштироки фаолашон дар рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия ва Франсия, фестивали байналмилалии шашмақом (Москва, Париж-2005, Душанбе-2006) ба ордену унвонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудаанд.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи мақоми Тоҷикистон (раҳнамо); Тадж.музыка, Душанбе, 2003.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 28-29 ISBN 978-99947-49-13-3