Шашмақом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муқоваи таълифоти "Донишномаи Шашмақом" – Душанбе,2009.
Сарояндагони ансамбли "Шашмақом"
Насиба Омонбоева ва Комолиддин Хамдамов шогирдони Боймуҳаммад Ниёзов дар дарси "Шашмақом"

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон ва Тоҷикистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз: рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво,, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд[1]. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқӣ ёд мешавад[2].

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст[3]. Ансамбли Шашмақом соли (1976) бо ин унвон, ансамбли халқӣ (1986). Дар ҳайати "Шашмақом" коркуни хидматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Йӯлбарсов, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Юсупов, дорандаи медали «Хидмати шоиста» А.Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзиев, санъаткорон А.Усмонов, З.Шарипов, С.Тоҳиров, А.Қодиров, Ч.Тӯйчиев, Т.Мамадов, А.Қаюмов ва дигаронро муттаҳид намуда дар муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони сурудҳои классикӣ роҳ ёфт. Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд. Тӯли асрҳо ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри нигаҳ доштани матни азими Шашмақом ба амал оварда шуда буд. Меҳнати ватандӯстонаи ин се абармарди санъати миллиро ба назар гирифта, давлат онҳоро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонид. Солҳои 1977-1987 "Шашмақом" доимо дар байни меҳнаткашон, озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, тавассути садою симои ҷумҳурӣ баромад карда, маҳорати худро сайқал медод. Дар фонди садои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони ин ансамбл сабт шудааст.

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд ба ансамбл шуҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри Исфара бомуваффақият баромад намуданд. Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.[4]

Шашмақом дар нашрияҳои Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - бори аввал дар таърихи тамаддуни мусиқии тоҷик таҳия ва тадвин шудааст. Ин “Донишнома” роҷеъ ба таърих, назария, манобеи хаттии мусиқӣ, чеҳраҳои номвари созу дирӯзу, мусиқидонон, мусаннифон, сарояндагон, навозандагон, нобиғагони мактаб, равияҳои эҷодию иҷроӣ (аз Борбади Марвазӣ), ки дар ташаккул ва рушди ҳунари волои мусиқиамон мақомҳо (Шашмақом) нақши муассиру мондагор гузоштаанд, матолиби муҳимро дарбар дорад. Дар донишнома дар бораи оҳангсозону мақомхонон ба монанди:

ва дигарон маълумот оварда шудааст.

Шашмаком. В 5-ти томах. – М.: Госмузиздат, 1950 -1967. Нашри шашҷилдаи мақомҳои классикии тоҷикӣ тибқи Лоиҳаи якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ЮНЕСКО сурат мегирад, ки он дар асоси сабти нотавии устодони бузурги Шашмақом - Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев солҳои 1950 - 1967 таҳия карда шудааст. Китоб аз чунин Қисматҳо иборат аст:

Мусиқишиноси тоҷик Аслиддин Низомов роҷеъ ба Шашмақом якчанд таълифоте Таърих ва назарияи Шашмақом – Душанбе, 2006 ва Таърихи мусиқии тоҷик.–Душанбе, 2014. ба таб расонидааст. Инчунин китобҳои Аскарали Раҷабзода, А. Абдрашидов, Н.Ҳакимов, М. Акбарзод ва дигарон солҳои охир таълиф шудаанд.

Шашмақом дар Амрико[вироиш | вироиши манбаъ]

Хонаводаҳои саршиноси яҳудиҳои бухороӣ анъанаҳои шашмақомхонии тоҷикони Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Исфараро даҳҳо ҳазор километр дур аз сарчашмаҳои ҳунари волояшон ҳифз мекунанд"[5]/

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://radiozamaneh.com/culture/goonagoon/2011/05/08/3835 Бойгонӣ шудааст 10 май 2011  сол. تاجیکستان بیست ساله، موسیقی صد ساله
  2. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯрабек Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  3. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯра Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  4. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 68-70. – 280 с.
  5. http://www.ozodi.tj/content/transcript/1887248.html Навои Шашмақом дар фазои Ню Йорк - Озодӣ 25.11.2009 дастрасӣ 20 апрел 2010