Аксбардорӣ
Jump to navigation
Jump to search
Аксбардорӣ, фотография (аз юн. photos — рўшноӣ + grapho — менависам, сабти рўшноӣ)
- Маҷмўи методҳои бавуҷудоварандаи тасвир бо роҳи акскунонидани нурҳои равшанидиҳанда ва ё инъикосшуда дар рўйи матои эҳсоскунандаи нур ва қабули минбаъдаи ин тасвирот ба матои шаффоф ва ё ношаффоф. Усули нави аккосӣ ба истифодаи таҷҳизоти нурпошӣ вобаста аст. Дар ин марҳила тасвир яклухт набуда, ба сигналҳои электромагнитие вобаста аст, ки болои ҷузъҳои тасвир меафтанд. Ин равия зуд инкишоф ёфт, вале аксбардории рақами аккосиро бо технологияи компютерӣ муваффақ кунонд;
- Тасвири асл (муаллифӣ, нашриётӣ), ки тасвири позитивии дар акскоғаз инъикосшударо мефаҳмонад ва барои истеҳсоли матбаавӣ ба кор меравад. Сиёҳу сафед ва ранга мешавад.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 9. ISBN-978-999-47-43-37-7
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |