Jump to content

Дороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Актив)

Дороӣ, актив (лотинӣ activus — фаъол):

  • пул, мол, даромад ва ашёи мавҷуда ва ё насиядодаи ягон муассиса; захираҳои аз фаъолияти пешинаи корхона ё ширкат ҳосилшуда, ки аз онҳо дар оянда ба даст овардани ягон манфиати иқтисодиро интизоранд;
  • яке аз ду тарафи тавозуни ҳисобдорӣ, ки дар он маблағу воситаҳои корхона (мувофиқи мавқеашон дар ҷараёни истеҳсол ё такрористеҳсол) нишон дода мешавад. Фаъолияти асосии корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар маблағгузориҳои ғайригардиширо низ актив меноманд. Мафҳуми актив инчунин дороии воситаҳои гардиши меъёрдор (захираҳои истеҳсолӣ, маҳсулоти тайёр ва ғайра) ё воситаҳои гардиши бемеъёр (пул, молҳои ба харидор фиристодашуда, қарзи дебиторӣ ва ғайра) ва ё навъҳои дигари хароҷот (масалан, хароҷоти як ферма нисбати саршумори умумии чорво)-ро ифода мекунад.