Jump to content

Акти террористӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акти террористӣ - таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатӣ ё арбобони ҷамъиятӣ бо мақсади сусг кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо максадн катъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиесӣ е содир намудани чунин кирдор бннобар интиком барои чунин фаъолият. Акти террорнстӣ ҷиноят ба мукобили асосҳои сохтори контитутсионӣ ва амнияти давлатӣ мебошад. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани акти террорнстӣ танҳо ходими давлативу чамъиятӣ ва дигар шахсони дар ин соҳа фаъолияткунанда ҳамчун ҷабрдида эътироф мешаванд.

Ба сифати ходими давлатӣ роҳбар ва шахси ваколатдори ҳокимияти маҳаллӣ, депутатҳо, роҳбарони вазорат ва кумитаҳо. раисони вилоятҳо, кормандони ваколатдори дастгоҳи иҷроияи Президентн Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ., ки фаъолияти сиёсиро дар идораи давлат ба амал мебароранд. эътироф мешаванд.

Зери мафҳуми ходими ҷамъиятӣ шахсоне эътироф мегарданд, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ иштирок намуда, барои муттаҳид кардани ҷамъият, ҳизбҳо ва ғ. новобаста аз вазифаи хизматиашон фаъолият менамоянд.

Субъект шахси 16-сола аст. Тарафи субъективӣ бо қасди бевосита тавсиф меёбад. Мақсад суст кардани асосҳои сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ, қатъ гардонидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё ангезаи интиком барои чунин фаъолият ҳамчун аломати хатмии тарафи субъск гивии ҷиноят мебошад. Агар ҳангоми содир намудани акти террорнстӣ ғаӣриқонунӣ интиқол ё нигоҳ доштани яроқ, моддаҳои тарканда ва ғ. ба қаӣд гнрифта шуда бошанд, он гоҳ ҷиноят аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо банду баст карда мешавад.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.34