Александр Александрович Блок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Александр Александрович Блок
Сурат
Намуди фаъолият:

шоир, нависанда, намоишноманавис

Санаи таваллуд:

4 (16) ноябр 1880[1]

Зодгоҳ:

Санкт-Петербург, Империяи Русия[d][2][1]

Мамлакат:

Flag of Russia.svg Империяи Русия[d]
Flag of the Russian SFSR (1918-1920).svg Ҷумҳурии Шӯравии Федератсияи Сотсиалистии Русия[d]

Санаи марг:

7 август 1921({{padleft:1921|4|0}}2|0}{{padleft:7|2|0}})[2][3][1] (40 сол)

Маҳалли марг:

Санкт-Петербург, Ҷумҳурии Шӯравии Федератсияи Сотсиалистии Русия[d][2][1]

Соядаст:

Signature of Alexander Blok.svg

Александр Александрович Блок дар Викианбор

Александр Александрович Блок (28 ноябр, 18807 август, 1921) — як аз нависандагони шинохтаи адабиёти рус буд.

Александр Александрович Блок.Муковаи китоб

Зиндагинома[вироиш]

БЛÒК Александр Александрович (28.11.1880, Петербург – 7.8.1921, Петроград), шоир, драматург, мунаққиди рус, яке аз намояндагони маъруфи символизм дар Россия. Хатмкардаи Донишгоҳи Петербург (1906). Аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати беандоза дошт. Нахустин шеърҳояш дар матбуот с. 1903 ба табъ расидаанд. Пас аз нашри маҷм. «Шеърҳо дар васфи хонуми зебо» (1904) чун шоир маъруфият пайдо кард. То ин давра Блок тақр. 800 шеър навишта буд, вале ба ин маҷмӯа танҳо 100 шеъраш дохил гардидааст. Дар шеърҳои солҳои аввали ба арсаи эҷод қадам ниҳодани Блок рамзҳои муҷарради мистикию романтикӣ ба назар мерасиданд, ки баъдан аз инҳо, Масалан аз символизм, дур шуд ва ба воқеият рӯй овард. Солҳои 1918–21 пурмаҳсул­тарин давраи эҷодиёти Блок ба шумор мераванд. Достонҳои «Дувоздаҳ» (дар бораи Инқилоби Октябр), «Скифҳо», «Зиёӣ ва Инқилоб» ва ғ. маҳсули эҷоди шоир дар ҳамин давраанд. Блог шоири романтик (ниг. Романтизм), сарояндаи ишқ, вассофи Ватан буд. Ба қалами Блок осори драмавӣ – «Зани ношинос», «Шоҳ дар майдон» (1906), «Суруди қисмат» (1907 – 08), «Садбаргу Салиб» (1912–13) ва ғ. ҳам тааллуқ доранд. Афкору андешаҳои танқидӣадабияшро дар мақолаҳо, Масалан «Оид ба символизм дар адабиёти рус» (1910) ва ғ., иброз доштааст. Аз баъзе нигоштаҳои ёддоштӣ ва мақолаҳои адабиётшиносии Блог бармеояд, ки бо адабиёти форс-тоҷик, эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он ба туфайли навиштаҳои А. С. Грибоедов, тарҷумаҳои аз осори адабиёти классикии форс-тоҷик анҷомдодаи Блок В. Бер, тарҷумаи «Гулис­тон»-и Саъдӣ (маҳсули заҳмати Холмогоров) ва ғ., шинос шудааст. Блог дар ашъораш на танҳо ба мазмуну мундариҷаи осори адабиёти классикии форс-тоҷик, балки ба ҷиҳатҳои шаклии ашъори форсии тоҷикӣ пайравӣ кардааст. Ҳамин рӯҳияи гароиши Блок ба адабиёти форс-тоҷик, яъне корбурди таркибҳои савтиву наҳвӣ, истеъмоли таъбирҳо дар мисраву байту бандҳо, авзону қофия ва ғ. дар шеъри ӯ сабаб гардиданд, ки шоирону адибони тоҷик эҷодиёти Блокро биомӯзанд ва намунаҳое аз осори ӯро тарҷума ва пешниҳоди хонандаи тоҷик кунанд. Масалан шоири тоҷик М. Қаноат аз шеъри Блок илҳом гирифтанаш ва дар эҷоди баъзе достонҳо аз ӯ баҳра бардоштанашро таъкид кардааст («Вопросы лите­ратуры», 1980, № 10). Шоирони дигари тоҷик Қутбӣ Киром, Ғаффор Мирзо, Лоиқ, Бозор Собир, Баҳром Фирӯз, Ҳикмат Раҳмат ва дигар осори Блокро омӯхта, дар борааш мақолаҳо навиштаанд, шеърҳояшро ба забони тоҷикӣ гардондаанд. Ин амр, махсусан, с. 1980–соли ҷашни 100-солагии Блок ки дар Тоҷикистон ҳам баргузор шуд, ба таври густарда сурат гирифт.

Осор[вироиш]

Панҷ шеър// Садои Шарқ, 1969, № 11; Сармаст шавад зи бӯйи шеърам...//Садои Шарқ, 1980, № 94; Тарҷумаҳо аз Блок дар гулчини ашъори Мӯъмин Қаноат (Сарҷӯи сабз, Д., 1975), Қутбӣ Киром, (Сари баланд. Д., 1982); Собрание сочинений. В 12-х тт. М., 1997–2001.

Адабиёт[вироиш]

Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007.

Манбаъ[вироиш]

d:Track:Q649d:Track:Q4239850d:Track:Q5061737d:Track:Q24258969d:Track:Q4081945d:Track:Q26690108d:Track:Q4297396
d:Track:Q17908574d:Track:Q17378135d:Track:Q649d:Track:Q5061737
  • data.bnf.fr: open data platform, платформа відкритих даних, платформа открытых данных, plateforme de données ouvertes, piattaforma di dati aperti, Opendata-Plattform, otevřená data platforma, åben-data-platform, տվյալների բաց շտեմարան, platforma za odprte podatke, plataforma de datos abierta, plataforma de dados aberta, платформа адкрытых дадзеных, платформа на отворените данни, platforma otwartych danych, ашық деректер платформасы, ачык маалыматтарды платформа, açıq data platforma, ochiq ma'lumotlar platforma, açık verilerin platformu, платформа отвореног података, platforma otvorenih podataka, platforma otvorenog podataka, platforma otvorených údajov, πλατφόρμα ανοικτών δεδομένων, platformu atklātā datu, platforma atvira duomenų, platvormi avatud andmete, avoimen datan foorumi, nyílt adatok platformja, პლატფორმა ღია მონაცემები, платформа за отворени податоци, нээлттэй мэдээллийн тавцан, platformă de date deschise, platformo de malferma datumoj — 2011.
d:Track:Q20666306