Алексей Золотухин
Таърихи таваллуд | 9 март 1983 (41 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ш. Ҳисор |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | Ҳуқуқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Ҷоизаҳо | Медали Хизмати шоиста (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021 №213);Унвони фахрии «Корманди фахрии соҳаи маорифи Федератсияи Россия» (фармони Вазорати маориф ва илми Россия аз 15 декабри соли 2020 № 533/кн);аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва технология (августи 2017);Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016 №723);Нишони фахрии Россотрудничество «Барои дӯстӣ ва ҳамкорӣ» (Шаҳодатномаи № 0456 аз 9 августи 2016, ш. Москва);Ордени «Нишони шоиста» (қарори Раёсати марказии Иттифоқи собиқадорони Афғонистон аз 14 декабри соли 2014, ш. Москва);Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2009 № 2064) сарфароз гардонида шудааст. |
Золотухин Алексей Валеревич – олим, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Аз 26 феврали соли 2024 дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон кор мекунад.
Фаъолияти меҳнатӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солҳои 2003-2005 – омӯзгори фанни ҳуқуқ (Мактаби миёнаи №1, ш. Ҳисор, Тоҷикистон);
- Солҳои 2005-2012 – ёрдамчи, мушовири ректори Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
- Соли 2005 то имрӯз – омӯзгор, устоди калон, дотсент, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
- Солҳои 2012-2015 – декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
- Солҳои 2015-2017 – мудири кафедраи ҳуқуқи граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
- Солҳои 2017-2023 – декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
- Аз 26 феврали соли 2024 то имрӯз – ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон;
Фаъолият ва ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳо:
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2015 то имрӯз – узви Шӯрои илмии машваратии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз соли 2016 то имрӯз – Ҳаками Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Роҳбарии илмӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳамчун роҳбари илмӣ дар тайёр кардани кадрҳои дороӣ тахассуси олии илмӣ, аз ҷумла 3 нафар номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 1 нафар доктори илмҳои ҳуҳуқшиносӣ саҳми калон гузоштааст.
Фаъолияти илмӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёда аз 90 асари таълимӣ ва корҳои илмӣ дорад, ки аз он 5 китоби дарсӣ (бо ҳаммуаллифӣ) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ тавсия шудааст, 3 васоити таълимӣ, 5 васоити методи-таълимӣ, 2 амалиҳои (практикум) таълимӣ ва 3 монографияи илмӣ.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]-бо Медали Хизмати шоиста (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021 №213);
-бо Унвони фахрии «Корманди фахрии соҳаи маорифи Федератсияи Россия» (фармони Вазорати маориф ва илми Россия аз 15 декабри соли 2020 № 533/кн);
- аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва технология (августи 2017);
- бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.07.2016 №723);
- бо Нишони фахрии Россотрудничество «Барои дӯстӣ ва ҳамкорӣ» (Шаҳодатномаи № 0456 аз 9 августи 2016, ш. Москва);
-бо Ордени «Нишони шоиста» (қарори Раёсати марказии Иттифоқи собиқадорони Афғонистон аз 14 декабри соли 2014, ш. Москва);
- бо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2009 № 2064) сарфароз гардонида шудааст.
Мукофот ва сипосномаҳо:
[вироиш | вироиши манбаъ]- июни соли 2005 бо Сипоснома (Барои дастовардҳои баланд дар фаъолияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон);
- феврали соли 2008 бо Медали солгарди «10-солагии ДСРТ». (Барои саҳми пурсамар дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон);
- Москва, сентябри соли 2011 бо Грамотаи фахрии Россотрудничество. (Барои фаъолияти фаъолона дар инкишофи муносибатҳои байналхалқии гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ);
- сентябри соли 2011 бо Ифтихономаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барои саҳми калони шахсӣ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси тоҷику рус);
- октябри соли 2014 бо Медали ҷашни (Ба ифтихори 90-солагии адлияи Тоҷикистони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
-октябри соли 2014 бо Ифтихорномаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба ифтихори 20 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- солҳои 2017, 2018, 2019 бо Сипоснома ва ифтихорномаҳои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия (Дар тайёр намудани ғолибони озмуни XII ва XIII Умумироссиягии ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ барои кори бехтарини «Ташаббуси конунгузори»);
- октябри соли 2021 бо Дипломи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия («Барои пирӯзӣ» ба ҳайси роҳбари илмӣ (Захираи депутати) дар Озмуни XVI умумироссиягии ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ) сарфароз гардонида шудааст.
Вазъи оилавӣ:
[вироиш | вироиши манбаъ]оиладор, соҳиби ду фарзанд.