Jump to content

Алоуддавла Симнонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алоуддавлаи Симнонӣ)
Алоуддавла Симнонӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: ориф
Таърихи таваллуд: 1261[1]
Таърихи даргузашт: 6 март 1336(1336-03-06)[1]
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом[1]
Самти фаъолият: тасаввуф
Устодон: Нуруддин Абдурраҳмони Исфаройинӣ ва Маҳмуди Маздақонӣ[d][3]
Вироиши Викидода

Алоуддавлаи Симнонӣ (форсӣ: علاءالدوله سمنانی‎, номи пурра Шайх Абулмакорим Рукнуддин Алоуддавла Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Биёбонакии Симнонӣ; 12591336) — сӯфӣ, ориф, зоҳид, файласуф, нависанда ва шоири форс-тоҷик, қутби силсилаи заҳабия. Ашраф Ҷаҳонгир Симнонӣ[4] ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз шогирдони маъруфи ӯ буданд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алоуддавлаи Симнонӣ навиштаанд, дар Зилҳиҷҷа соли 659 ҳ. қ. дар Симнон ба дунё омад. Падараш аз сӯи Арғуншоҳи Муғул (690-683 ҳ.қ.), ҳокими Ироқи Аҷам ва амӯяш вазири ӯ буд.

Алоуддавла дар понздаҳсолагӣ дар пайи як илҳом, ба сӯи ҳикмат ва ирфон рӯй овард ва ба ҳамин далел хидмат дар ҳукуматро тарк намуд ва аз Симнон ба Бағдод рафт ва дар дарси Нуриддин Абдурраҳмони Исфароинӣ (м. 717 ҳ.қ.) ҳозир шуд. Кӯшиши дарбориён ва риҷоли Арғуншоҳ барои бозгашт вай ба дарбори муғул бефоида буд. Ӯ пас аз зиёрати амокини муқаддаси Макка ва Мадина, мадрасае дар Симнон бино кард. Алоуддавла пешгоми мухолифат бо назарияи ваҳдати вуҷуди Ибни Арабӣ буд ва китобҳое дар мавриди назарияи худаш, ки «ваҳдати шуҳуд» ном дошт нигошт. Ҷазабаи ҳолоти маънавӣ дар рафтору ҳолоти ӯ асар гузошт ва аз ин ҷиҳат дороии хешро байни мустамандон тақсим намуд ва ба ибодат ва тазкия пардохт. Вай мукаррар мегуфт: Эй кош, тарки мулозимати султон намекардам ва бо нуфуз дар ташкилоти ҳукуматӣ аз ранҷдидагон ва мазлумон дифоъ менамудам. Нуфузи маънавии ӯ дар давроне, ки ба ирфон рӯй овард, дар ҳадде буд, ки султон Абӯсаид ба ӯ илтиҷо кард ва ӯ дар боби вай назди султон васотат намуд, зеро сиояти душманон равобити Абӯсаид ва ин фардро тира сохта буд. Алоуддавлаи Симнонӣ ба ҳифзи шариат пойбандии тамом дошт. Ин орифи муташарреъ дар тарбият ва таълими Ҳамадонӣ нақши муассир дошт. Қабл аз фавти Симнонӣ, вай ва Сайид Муҳаммадашрафи Ҷаҳонгири Симнонӣ, маҳалли иқомати устоди хешро, ки Сӯфиободи Симнон буд тарк карданд ва озими Ҳинд шуданд[5].

Симнонӣ дар 22 Раҷаби 736 ҳ.қ. даргузашт. Мазораш дар Симнон яке аз зиёратгоҳҳои ин шаҳр аст. Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ аз тарафи модар бо нуздаҳ восита ба ҳазрат Алӣ (а) мансуб аст.

  1. 1.0 1.1 1.2 https://www.iranicaonline.org/articles/ala-al-dawla-semnani
  2. https://www.isna.ir/news/92101709233/
  3. https://books.google.com/books?id=ArurAgAAQBAJ&pg=PA130
  4. ‘'MUQADDEMA-E- LATĀIF-E-ASHRAFI' Book in PERSIAN, Published by Maharaja Sayajirao University of Baroda, Vadodara, Gujarat, India
  5. Устодони Ҳамадонӣ-2 - Сомонаи илмӣ ва иҷтимоӣ Точикон. tojikon.org. 21 октябри 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)