Амал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Амал (порсӣ: عمل ) - кор, меҳнат, фаъолияти меҳнатӣ.

2. вазифа, мансаб, мартаба.

3. таъсир, асар; амали дору таъсири дору, фоидаи дору.

4. сабзиш; нашъунамо; нағз амал кардан тез сабзидан, дар нашъунамо шудан.

5. амалия, таҷриба; илму амал назарияю амалия; дар амал дар воқеъ, дар ҳақиқат, ҳақиқатан ҳам; ба амал овардан дар ҳаёт татбиқ кардан, иҷро кардани амале, коре; дар амал нишон додан дар ҳақиқати ҳаёт нишон додан, амалан собит кардан; ба гуфт(а)и касе амал кардан мувофиқи нишондод ва ақидаи касе кор кардан; дар (ба) амал татбиқ кардани (намудани) чизе амалан иҷро кардан, дар таҷриба нишон додан.[1]



Амал - яъне фаъолият намудан. Амал кардан дар соҳаи муносибатҳои гражданӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ барои дар муносибат будан бояд бо хоҳишу розигии худ мувофиқи талаби қонун фаъолият намоянд. Бидуни амали субъектҳо муносибат ба миён намеояд. Бидуни амал кардан фоида ба даст намеояд. Амал ин факти юридикӣ ва яке аз объектҳои ҳуқуку ӯхдадориҳои гражданӣ мебошад (м. 154 КГ ҶТ). Амал (беамалӣ) дар доираи талаби қонунӣ ва ғаӣриқонунӣ мешавад. [2]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 59-60 ISBN 978-99947-69-39-1
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.35

Пайвандҳои беруна[вироиш]