Амали Қонуни гражданӣ
Амали Қонуни гражданӣ – муаӣян намудани вақти амали қонуни гражданӣ. Агар қонун тагӣир наёбад, қоидаҳои он ба одати доимии одамон табдил меёбад. Агар қонун тағӣир ёбад ё қонуни нав қабул карда шавад, вақти амали он бояд муаӣян карда шавад. Зеро қонуни нав, чун қоидаи умумӣ, ба муносибатҳое, ки пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани он ба миён меоянд, паҳн мешавад ва амал мекунад. Бинобар ин вақти амали қонун дар Қонун «Дар бораи таргиби нашри қонунҳои ҶТ» муаӣян карда шудааст. Чун қоидаи умумӣ, қонунҳои гражданӣ пас аз қабул шудан (рӯзи қабули қонун он рӯз ҳисобида мешавад, ки агар қонун азтарафи Маҷлиси Олии ҶТ қабул карда шуда бошад), пас аз 10 рӯзи қабули он ё нашри расмии он эътибори қонунӣ паӣдо мекунад. Аммо ин қоида истисноҳои хеле зиёд дорад. Агар хеле зарур дониста шавад, Маҷлиси Олӣ метавонад қарор қабул кунад, ки қонун аз вақти қабули он кувваи қонунӣ паӣдо мекунад ва гаӣра. Вақти қувваи қонунӣ паӣдо кардани қонунро донистан барои кормавдони мақомоги ҳифзи ҳукуқ, иштирокчиёни муносибатҳои гражданӣ, соҳибкорон ва гаӣра хеле зарур асг. Агар сухан дар бораи қонунҳои мураккаб равад, дар худи қонун вақти қувваи қонунӣ паӣдо кардани он муаӣян карда мешавад, масалан, Кодекси граждании ҶТ. Амали қонунҳои гражданӣ ба он муносибатҳое паҳн мешавад, ки пас аз қувваи қонунӣ паӣдо кардани онҳо ба миён омада бошад. Агар ба баъзе фасл, боб ё моддаҳои алоҳидаи қонуни нав қабулшуда қувваи бозгашт дода шавад, ин масъала бояд дар худи қонун пешбинӣ карда шавад ва ҳалли худро ёбад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.40