Амали Қонуни Ҷиноятӣ дар замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амали Қонуни ҷиноятӣ дар замон - ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуне, ки дар вақти содир намудани он кирдор амал мекунад, муаӣян карда мешавад (м. 12 Кодекси Ҷиночтии ҶТ). Амали қонуни ҷиноятӣ дар замон асосан аз рӯи се қоида ба амал бароварда мешавад.

1. Ҷиноят ва сазовори ҷазо будани кирдор бо қонуни ҷиноятие муқаррар карда мешавад, ки дар вақти содир шудани ҷиноят он қонун амал мекард. Вақти содир намудани ҷиноят, вақги содир шудани кирдори барои ҷамъият хавфнок новобасга аз фаро расидани оқибати он фаҳмида мешавад (қ. 1 м. 12 КҶ ҶТ).

2. Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро муқаррар мекунад, ҷазоро вазнин менамояд ё ба таври дигар ҳолати ҳуқуқии шахси маҳкумшударо бад месозад, қувваи бозгашт надорад (қ. 3 м. 13 КҶ ҶТ).

3. Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгапгг дорад, яъне нисбат ба ашхосе татбиқ мегардад, ки то эътибор паӣдо кардани чунин қонун ҷиноятсодир кардаанд. Аз ҷумла ба ашхосе, ки мӯхлати ҷазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доги судӣ доранд, татбиқ карда мешавад.

Амали қонуни ҷиноятӣ дар замон тибқи қисми 2 моддаи 20 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ чунин таъриф дорад: «Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад». [1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.40