Jump to content

Амали Қонуни Ҷиноятӣ дар макон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амали Қонуни Ҷиноятӣ дар макон - доираи амали қонуни ҷиноятӣ дар макон аз рӯи принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад.

1. Принсипи қапамравӣ

2. Принсипи шаҳрвандӣ

3. Принсипиуниверсалӣ(ҳаматарафа)

4. Принсипи воқеӣ (реалӣ)

Мувофиқи қ. 1 м. 14 Кодекси Ҷиночтии ҶТ ҳамаи шахсоне, ки дар қаламрави ҶТ ҷиноят содир кардаанд, мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, агар тибқи шартномаҳои баӣналхалқии ҶТ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми дида баромадани принсипи мазкур Қонуни ҶТ «Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ», ки аз 1 августи соли 1997 амал мекунад, бояд ба инобат гирифта шавад. Тибқи қ. 1 м. 15 КҶ ҶТ шаҳрванди ҶТ, инчунин шахси бешаҳрвандии доимодарҶТ истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати дигар содиркардааш мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, агар барои ин ҷиноят дар давлати дигар маҳкум нашуда бошад. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар ҶТ доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти берун аз ҳудуди ҶТ содиркардаашон мутобиқи КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Агар онҳо ҷиноятесодир карда бошанд, ки меъёрҳои ҳуқуқи баӣналмилалие, ки ҶТ эътироф кардааст, ё меъёрхои муқаррарнамудаи қарордод ё созишномаҳои баӣнидавлатӣ пешбинн намудаанд ва агар онҳо дар давлати дигар маҳкум нашуда бошанд, дар қаламрави ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешахрвандии дар ҶТ доимо исгиқоматкунанда барои ҷинояти бсрун аз ҳудуди ҶТ содиркардаашон ба ҷавобгарӣ кашида мсшаванд, агар онҳо бар зидди шахрвандони ҶТ ё манфиатҳои ҶТ ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир карда бошанд ва барои ин кирдор дар каламрави давлати дигар махкум нашуда бошанд.[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.40