Иҷозаи ибҳомзудоӣ

Аменемхет

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аменемхе́т (Аменемхат) — номи сулолаи 12-и фиръавнҳои Мисри Қадим.

  • Аменемхети I (тақр. 2000 – 1970 то м) — асосгузори сулола. Барои суст кардани мавқеи ҳокимони маҳаллӣ (номархҳо) мубориза бурд, ба ҷойи номархҳои пешина ашроф ва муқаррабони содиқи худро гузошт. А. I ба Фаластин лашкар кашида, ба муқобили лубнониҳо ҷангид ва дар ҷануб вил. Ваватро забт намуд. «Насиҳатнома»-и А. I ба фарзандаш Сенусерт боқӣ мондааст.
  • Аменемхети II (1934 – 1896 то м.) — сиёсати мудохилаи иқтисодӣ ва ҳарбиро ба Куш ва Пунт (дар Африкаи Шарқӣ) давом дод.
  • Аменемхети III (тақр. 1849 – 1801) — шоҳи Миср, сулолаи 12, писари Сенусерти III. Давраи ҳукмронии А. III-ро замони нашъунамои дуюми Миср меноманд. Дар давраи А. III сохтмони ибодатхонаҳо вусъат ёфт, дар нимҷаз. Сино истеҳсоли мис ва дар воҳа корҳои обёрӣ авҷ гирифтанд. Муаррих Страбон хабар медиҳад, ки дар замони шоҳ Ламарес (эҳтимол, замони А. III аст) дар назди Файюм бинои азиме сохта шуд, ки дар байни юнониҳо бо номи «Лабиринт» машҳур гардидааст. Матнҳои дар папирус навишташударо, ки дар Ремессеум ёфт шудаанд, эҷоди замони А.-и III донистаанд: «Қиссаи Синухет», «Деҳқони суханвар» ва ғ.
  • Аменемхети IV — тақр. солҳои 1801 – 1792 то м. подшоҳӣ кардааст.