Jump to content

Амири Кулол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амири Кулол
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 1278
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 28 ноябр 1370
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Шогирдон: Баҳоуддини Нақшбанд
Вироиши Викидода

Сайид Амири Кулол ибни Амир Ҳамза ибни Амир Иброҳим (1278, Бухоро28 ноябр 1370, Шофирком) — донишманди ҳанафимазҳаб ва сӯфии форс-тоҷик, шашумин пири тариқати хоҷагон, устоди Баҳоуддини Нақшбанд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ муриди Бобои Самосӣ аст. Ризқи хеш аз паси касби кулолӣ пайдо кардааст. Биноан, бо лақаби Кулол машҳур шудааст. Падараш Амир Ҳамза ибни Амир Иброҳим аз шаҳри Мадина буда, ба Мовароуннаҳр кӯчида дар атрофи Бухоро умр ба сар бурдааст. Амири Кулол марди қадбаланд, фарохшона, дароздаст, абрукамон ва ба он андоза хоксор буда, ки эътирозу саркашӣ чист намедонистааст.

Бино ба натиҷагириҳои олимон Амири Кулол соли 1281 дар деҳаи Сухори (дар манбаъ Афшина омадааст) ноҳияи Когони кунунӣ дида ба дунё кушодааст. Қисми зиёди умраш дар Бухоро пушти сар шудааст. Бино ба маълумоте як муддат дар Насаф (Қаршии кунунӣ) низ ба сар бурдааст. Соли 1370 дар деҳаи Сухор вафот карда, бино ба ҳисоби милодӣ 89 сол умр ба сар бурдааст. Ӯро дар қабристони деҳа дафн кардаанд[1].

  1. САЙИД АМИРИ КУЛОЛ САОДАТИ САЙИДӢ - Ovozitojik.uz. ovozitojik.uz. 18 Декабри 2023 санҷида шуд.