Амир Ҳусайнии Ҳиравӣ
Таърихи даргузашт: | 1119 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Амир Фахруссодот Саййид Рукнуддин Ҳусайн Ҳусайнии Ҳиравӣ (форсӣ: امیر حسینی هروی; ? — 1318[1]) — ориф, зоҳид, шоир ва нависандаи мутасаввифи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир Фахруссодот Рукниддин Рукнуддин чун бештари умрашро дар Ҳирот гузаронд ба Ҳиравӣ машҳур шуд. Авоили умри худро дар таҳсил улуму одоб ва баъд аз он дар сайру сулук дар тасаввуфу ирфон гузаронед. Даврони муҷоҳидати худро дар хидмати шайх Баҳоуддин Закариёи Мултонӣ аз тарбиятшудагони шайх Шиҳобуддини Серовардӣ ва писараш шайх Садруддин Орифи Мултонӣ ба поён бурд. Баъд аз итмоми давра муҷоҳидат ба Ҳирот бозгашт ва дар онҷо ба иршоди халқ машғул шуд. Дар ҳамонҷо даргузашт[2].
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишманди эронӣ Абулқосими Родфар аз мавчудияти «Ситта» (маснавиҳои шашгона)-и Амир Ҳусайнӣ дарак дода, таркиби онро аз «Тарабу-л-маҷолис», «Нузҳату-л-арвоҳ» «Канзу-р-румуз», «Зоду-л-мусофирин», «Панч ганҷ» ва «Сӣ нома» иборат донистааст[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ امیر حسینی | دائرةالمعارف بزرگ اسلامی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 1 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ کتاب نزهت الارواح اثر امیر حسینی هروی | ایران کتاب(форсӣ). فروشگاه اینترنتی ایران کتاب. 16 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ш. Г. Таджибаев. О поэмах (месневи) Хусайни Хирави.