Амориҳо
Зоҳир
(Тағйири масир аз Аморийҳо)
Амориҳо, аморийҳо, амурруҳо — қабилаҳои қадими сомиҳои Арабистон; дар ҳудуди биёбони васеи Сурия (аз Фаластин то халиҷи Форс) бодиянишин буданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири ҳазорсолаи 3 то м. бо оламиҳо (дар ҳамон замон сокинони Хузистон, дар ҷанубу ғарби Эрон) давлати Урро (сулолаи III) аз байн бурда, тақрибан соли 1894 то м. салтанати Бобулистони қадимро барпо намуданд. Дар Байнаннаҳрайн сокин шуда, асрҳои 18–17 то м. бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд. Аммо аморищо дар Сурия дар асрҳои 15–14 то м. (дар Фаластин – то садаҳои 12–10, то омезиш бо яҳудиён) ҳам зиндагӣ мекарданд. Дар ҳазорсолаи 1 то м. Сурияро Амурру меномиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.