Jump to content

Амриддин Шарифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амриддин Шарифов
Таърихи таваллуд 28 май 1978(1978-05-28) (46 сол)
Зодгоҳ шаҳри Ҳисор
Кишвар Тоҷикистон

Шарифов Амриддин Нуриддинович (зод. 28 майи 1978, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — таърихнигор, омӯзгор, номзади илмҳои таърих.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Амриддин Шарифов 28 майи 1978 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1999—2004 дар ДДМТ, факултети таърих, шӯъбаи муносибатҳои байналхалқӣ таҳсил кардааст. Солҳои 2004—2007 Аспиранти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 инҷониб омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад[1]. Солҳои 2011—2012 муовини декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ оид ба бахши таълим буд. Соли 2012 ба вазифаи муовини декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд.

Солҳои 2013—2014 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷӣ фаъолият намудааст. Соли 2014 ба вазифаи мудири кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналмилалӣ интихоб гардид[2].

Дар солҳои 2017—2018 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи майи соли 2023 дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 12 майи соли 2023 мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2011 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Қазоқистон (1991—2006)», аз рӯйи ихтисоси таърихи ватанӣ — 07.00.02. ҳимоя намудааст. Муаллифи 2 монография, 50 мақолаи илмӣ ва 6 китоби дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Факултети муносибатҳои байнлахалқӣ (tj-TJ) (26 апрели 2024). 31 май 2024 санҷида шуд.
  2. Факултети муносибатҳои байнлахалқӣ (tj-TJ) (26 апрели 2024). 31 май 2024 санҷида шуд.