Jump to content

Амрномаи прокурор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амрномаи прокурор — ҳуҷҷати назорати прокурорие мебошад, ки прокурор бо мақсади бартараф кардани вайронкунии дағалонаи қонун ё пешгирӣ намудан аз вайронкунии қонун, ки боиси расонидани зарари ҷиддӣ гардидааст, ба унвони мақомоте, ки ба вайронкунии қонун роҳ додааст ё шахси мансабдори ин мақомот ё мақомоти болоӣ, ки ин мақомот зери тобеияти ӯ мебошад, ба тариқи хаттӣ фиристода, хоҳиш менамояд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро фавран баррасӣ намуда, баҳри бартараф кардани онҳо чораҳо андешида, ба прокурор хабар диҳад (м.27 Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»)[1].

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С.45