Беҳокимиятӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Анархизм)

Анархи́зм (аз ἀν — «бе» ва ἄρχή — «ҳокимият») — ҷараёни сиёсӣ, ки ба ҳама гуна давлату ҳокимият муросо кардан намехоҳад, низоми муайяни муносибати байни одамонро барои ҳама эътироф наменамояд, озодии номаҳдуди шахсиятро тарғиб мекунад.

Ғояҳои анархизм ҳанӯз дар асарҳои муҳаққиқони антиқӣ ва асримиёнагӣ вомехӯранд, вале ҳамчун низоми муайян бештар дар таълимоти сиёсии давраи Эҳё равшантару барҷастатар ҳувайдо шуданд. Дар шакли комилтар ғояҳои анархистиро нависандаи англис У. Годвин дар китоби «Тадқиқот дар бораи адолати сиёсӣ» (1793) асоснок намуд. Ҳамчун ҷараёни сиёсӣ анархизм дар солҳои 40 садаи XIX дар Европа пайдо гардид ва дар ташаккули он М. Штирнер, П. Прудон ва М. Бакунин саҳм гузоштанд. Ба назари онҳо муносибатҳои ҷамъиятии байни одамон бо низоми тарафайн асоснок мегардад, баробарвазнии моликият, баробарқиматии ивази мол ва хидматрасонӣ, қарзҳои бефоиз ба бунёди сохтори федеративии ҷомеа давлатро иваз менамоянд. Анархизм аз чор равияи асосӣ иборат аст: индивидуалистӣ, мютюэлистӣ, дастаҷамъӣ ва коммунистӣ. Дар маркази равияи индивидуалистӣ ғояи озодии мутлақи инсон қарор гирифтааст. Ба он М. Штирнер асос гузоштааст, ки давлатро инкор намуда, ташкилоти иҷтимоии ҷомеаро бо «иттифоқи худбинӣ (эгоистӣ)» як донистааст.

Дар асарҳои намояндагони равияи индивидуалистӣ ғояи мубодила дар заминаи «шартномаи озод» инкишоф ёфта, барои равияи мютюэлистӣ замина гузоштааст. Поягузори ин равия П. Прудон мебошад, ки мубодилаи ғайриэквивалентиро асоси беадолатӣ шумурда, инқилобро ҳамчун воситаи навсозӣ куллан рад намудааст. Асосгузори равияи дастаҷамъӣ (коллективӣ) М. Бакунин мебошад. Ӯ ҳама гуна давлатро воситаи таъқибу зулми одамон дониста, тариқи инқилоб аз байн бурдани онро зарур мешумурд. Идеали иҷтимоиашро ассотсиатсияи коргару деҳқон, дар ҳайати «федератсияи озод» ташкил медод. Тамоми фаъолияти ассотсиатсия дар асоси дастаҷамъӣ вобаста ба иштироки ҳар шахс амалӣ мешавад. Ба равияи коммунистӣ П. Кропоткин асос гузоштааст. Мабдаи таълимоташро «қонуни биосотсиологии ёрии байниҳамдигарӣ» ташкил медод, ки мутобиқи он нақши муайянкунандаро кӯшишу талоши табиии одамон ба ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Ба андешаи П. Кропоткин ҳама чизе, ки монеи инкишоф мегардад, аз ҷумла давлат ва моликияти хусусӣ, бояд аз байн бурда шавад. Дар садаи XX анархизм дар Европа мавқеашро аз даст дод ва ҳоло фақат дар баъзе кишварҳои Америкаи Лотинӣ теъдоди ками ҷонибдорон дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бакунин М. А., Моя философия, М., 1989;
  • Ярославский Е. М., Анархизм в России, М., 1939;
  • Зокиров Г. Н., Идеологияи сиёсӣ, Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]