Jump to content

Организмҳои анаэробӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Анаэробҳо)

Анаэробҳо (Anaeroba) — микробҳое, ки дар муҳити беоксиген инкишоф меёбанд.

Анаэробҳо ду хел – воҷиб ва новоҷиб мешаванд. Анаэробҳои воҷиб дар муҳити беоксиген зиндагӣ мекунанд. Анаэробҳои новоҷиб ҳам дар муҳити оксигендор ва ҳам дар муҳити беоксиген афзоиш меёбанд (мас., қаламчамикроби рӯда, иерсинияҳо, стафилококкҳо, стрептококкҳо, шигеллаҳо ва ғайра). Анаэробҳо воҷибро, ки ангезандаҳои бемориҳои одаму ҳайвонот мебошанд, метавон ба ду гурӯҳ ҷудо кард: спорадор (кластридияҳо) ва беспора. Ба анаэробҳои спорадор ангезандаи ботулизм, сирояти анаэробӣ, кузоз мансубанд.

Анаэробҳои беспора ду хел – грамманфӣ ва граммусбат мешаванд (бактероидҳо, фузабактерияҳо, вейлолнеллаҳо, пептококкҳо, эубактерияҳо ва ғайра). анаэробҳои воҷиб дар организм ҳамеша вуҷуд доранд. Онҳо як қисми микрофлораи мӯътадили одам мебошанд, вале дар мавриди фароҳам омадани шароити мусоид метавонанд боиси сар задани бемориҳои гуногун (мас., перитонит, думбали шуш ва майна, пневмония, эмпиемаи плевра, уфунат ва ғайра) шаванд. Сабаби бисёр бемориҳое, ки анаэробҳои беспора меангезанд, заиф гаштани таассури организм дар натиҷаи осебҳои гуногун, амалиёти ҷарроҳӣ, хунук хӯрдан, ихтилоли масуният (иммунитет) ва ғ. аст. Барои ҷудо намудани анаэробҳои воҷиб аз таҷҳизоти махсус, муҳити ғизоӣ, усулҳои кишти анаэробҳо ва ғ. истифода мекунанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]