Jump to content

Инглисҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ангилисон)
Инглисҳо
Номи қавмии ҳозира англ. English people
Сукунат
 Парвандаҳо дар Викианбор
Аксҳои 24 шаҳрвандони Англия

Англисон (Англисҳо), (Инглисҳо) (Инглисон) (англисӣ: English people) — миллат, аҳолии асосии Англия, ва 45 265 093 нафарро ташкил мекунанд[1]. Дар Ирландия, мулкҳои тобеъи Англия ва баъзе аз дигар кишварҳои тобеъи Бритониёи Кабир сокинанд. Ба забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд. Аксари диндорон масеҳиянд.

Инглисҳо (Англисҳо) — халқест, ки дар ҳолати омехташавии қабилаҳои гуногуни олмонӣ (германӣ) пайдо шудаанд. Яке аз қадимтарин сокинони ҷазираҳои Британия, қабилаҳои келтҳо (бриттҳо ва дигарон) буданд. Онҳо дар ин ҷазира тақрибан дар нимаи I-уми ҳазорсолаи пеш аз милод, вуҷуди худро пай намудаанд, ки аз минтақаи Авруосиё гузашта дар инҷо сукунати худро давом доданд. Аҷдодони асосиашон қабилаҳои олмонӣанглҳо, саксҳо ва ютҳо, ки дар асрҳои V—VI п.м. ба ҳамин ҷо кучиданд ба ҳисоб мераванд.

90% англисҳо дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Оилаҳои бе фарзанд бисёр доранд.

Ду намуди хоҷагии деҳот доранд — яке деҳаҳое ки дар шарқ ҷойгир шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқоние (фермаҳое) ки дар ғарб нишаст доранд. Боми хонаҳояшон одатан баланд аст ва сохти ду нишебаро дорад. Аксарияти бомҳоро бо череписа ва каме бо шифер мепушонанд. Хонаҳои қадим — бо ранги сурх аз санг ва плитаҳои оҳаксанг ва хонаҳои имрӯзаро аз хишти пухта месозанд.

Либосҳои миллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таомҳои миллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таомҳои милии инглисҳо (англисҳо), ростбиф, бифштекс, бекон ва дигар таомҳое, ки аз моҳи пухта мешаванд, иборат аст.

  1. The CIA World Factbook Бойгонӣ шудааст 7 Январ 2019  сол.