Ангиология
Зоҳир
Ангиоло́гия (аз юн. ἀγγεῖον — раг ва λόγος — илм), вазология — як бахши тиб, ки сохт, фаъолият, бемориҳо ва усулҳои ташхису табобати рагҳои хун ва лимфавиро меомӯзад.
Истилоҳи ангиологияро бори нахуст Ҷолинус пешниҳод кардааст. Ӯ амалиёти ҷарроҳии дар як қисми раги хунгард гузаронидаро ангиология номид. Шарҳи имрӯзаи ангиология ба олим Л. Ҳейстер дахл дорад. Дар инкишофи таълимоти ангиологӣ Везалий, Малпиги ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Адибиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Покровский А. В. Клиническая ангиология. — Практическое руководство в 2-х томах. — ISBN 5-225-04738-6
- Петровский Б. В. Большая Медицинская Энциклопедия — 3-е издание. — ISBN 5-85270-324-9