Jump to content

Ангишт (давраи заминшиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ангишт (даври геологӣ))

Ангишт (давраи ангишт), карбон — давраи панҷуми заминшиносӣ аз аввали эраи полеозой. Бо ҳарфи С ишора мешавад.

Онро бори нахуст соли 1822 У. Конибир ва У. Филлипс дар Британияи Кабир муқаррар кардаанд. Давраи ангишт 285 млн сол пеш оғоз шуда, 65-70 млн сол давом кардааст. Давраи ангишт аз давраҳои дигар бо олами органикии хоси худ ва инкишофи пуравҷаш фарқ мекунад. Аз намояндагони олами ҳайвоноти давраи ангишт, махсусан, хазандагон, обихокиҳо, ҳашарот ва ҷонварони баҳрӣ — фораминифераҳо (фузулинидҳо), мшанкаҳо, брахиоподҳо, криноидеяҳо, бластоидеяҳо, хорпуштҳои баҳрӣ, марҷонҳо, нармбаданони гуногун ва ғ. инкишоф ёфтаанд. Олами набототи давраи ангишт аз каламитҳои азим ва мунмунаҳо (лепидодендронҳо ва сигиллярияҳо), кордаитҳо ва папоротникҳои (сарахсҳо) дарахтмонанд иборат буд. Дар охири ин давра аввалин дарахтони сӯзанбарг пайдо шуданд. Қариб тамоми хушкиҳоро ин гуна рустаниҳо фаро гирифтанд. Иқлими давраи ангишт ба иқлими тропикии ҳозира наздик буд. Фаровонии наботот, иқлими гарми сернам ва ботлоқзору мурдобаҳои бисёр боиси пайдоиши қабатҳои ғафси ангиштсанги материкҳо шуданд.

Дар ҳудуди давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ҷинсҳои давраи ангишт масоҳ. хеле васеъро ишғол мекунанд. Дар давраи ангишт дар натиҷаи ҳаракатҳои пурзӯри чиндоршавӣ (даври тектоникии герсинӣ) дар Урал, Тиёншони Ҷанубӣ, Европаи Ғарбӣ ва дигар минтақаҳо кӯҳҳо ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи амалиёти магмавии ҷинсҳои интрузивӣ (гранитҳо, диоритҳо, приоксенитҳо) ва эффузивӣ (туфҳо, туфобрекчияҳо, лаваҳо) пайдо шуданд. Ҷинсҳои таҳшини давраи ангишт аз регсанг, конгломерат, оҳаксанг ва варақсангҳо иборатанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ҷинсҳои давраи ангишт аз оҳаксанг, варақсанг ва ҷинсҳои вулқонӣ иборатанд, ки ғафсиашон то 7 км мерасад. Дар ҷинсҳои давраи ангишт ба ғайр аз конҳои ангиштсанг, бисёр конҳои маъдани оҳан, манган, мис, сурб, руҳ, алюминий, фосфорит, сангҳои қиматбаҳо, нефт, газ ва ғ. ҷой доранд.