Jump to content

Ҷазираҳои Ондомон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Андаман)
Ҷазираҳои Ондомон
англ. Andaman Islands[1]
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Ҷазираҳои Ондомон ва Некӯбор
Ҷойгир аст дар назди обанбори Халиҷи Бангола
Баландӣ аз сатҳи баҳр 732 м
Масоҳат
  • 6 408 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷазираҳои Ондомо́н, Ҷазираҳои Андаман (англ. Andaman Islands) — галаҷазира дар Уқёнуси Ҳинд, байни халиҷи Бангола ва Баҳри Андаман.

Аз ҷиҳати маъмурӣ қисми қаламрави иттифоқии Ҷазираҳои Ондомон ва Некӯбори Ҳиндустон мебошад. Аз 204 ҷазира иборат аст. Ҷазираҳои калонтаринаш – Ондомони Шимолӣ, Ондомони Миёна, Ондомони Ҷанубӣ, Ондомони Хурд. Аз қитъа 900 км дуртар ҷойгир буда, аз Шимол ба Ҷануб 350 км тӯл кашидааст. Масоҳати умумии ҷазираҳо 6,6 ҳазор км2. Шаҳри калонтарин ва маркази маъмурии Ондомон Бандар Блэр (100 ҳазор нафар) мебошад. Аҳолиаш 250 ҳазор нафар (2010), аз ҷумла 500 нафар мардуми таҳҷоӣ, намояндагони 9 халқияте, ки дар аҳди қадим аз Африка ҳиҷрат кардаанд; дар ибтидои садаи XX онҳо наздики 5 ҳазор нафар буда, торафт аз байн мераванд (масалан, феврали 2010 охирин намояндаи халқияти «бо» аз олам даргузашт). Ҳоло аҳолии асосии Ондомон муҳоҷирони (бештар бадарғашудагон) Ҳиндустон мебошанд. Ҷазираҳои Ондомон қуллаҳои кӯҳҳои зериобӣ буда, бо рифҳои марҷонӣ иҳота шудаанд. Сатҳи ҷазираҳо ноҳамвор, то 732 м баландӣ доранд. Бо бешаҳои тропикӣ пӯшида шудаанд. Нахл, норҷил, шолӣ парвариш карда мешавад. Ондомониҳо бо шикор (ҳоло ҳам тиру камонро истифода мебаранд) ва бо моҳидорӣ машғуланд.