Андоза (асбоб)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андоза — асбоби чӯбинест дар меъмории миллӣ, ки ҳангоми кандакории сутуну болор ва зерравҳо истифода мешавад. Масалан, бо андозаи нимдоира миёнбади сутунро тарошидаву кандакорӣ кардан мумкин аст. Сутунҳои чӯбини шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Исфара ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд, ки сохти сутунҳо бештар ба шакли андоза вобаста аст. Андозаро ҳангоми кандакории дигар қисмҳои сутунҳо, болорҳо, зерравҳо ва равоқҳои бино ҳам истифода мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]