Юлқулибек Анисӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Анисӣ, Юлқулибек)

Юлқулибек Анисӣ (?- 1607, Бурҳонпури Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз қабилаи шомлуи туркман. Дар Ҳирот таҳсил кардааст. Чанд муддат дар дарбори ҳокими ин шаҳр китобдор буд. Шеърҳои нахустинашро бо тахалл. «Ҷоҳӣ» навиштааст. Девони ашъорашро худаш тартиб дода буд. Солҳои 70 садаи XVI Абдуллоҳхони Ӯзбек Хуросонро забт карда, Анисиро асир гирифт ва ба Мовароуннаҳр овард. Дар ҳамин гирудор девони Анисӣ Юлқулибек нест шуд. Анисӣ Юлқулибек роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт. Мероси адабии боқимондаи Анисӣ Юлқулибек, асосан, ҳамон аст, ки дар Ҳиндустон эҷод кардааст. Ба қалами ӯ қасоиду ғазалиёт, рубоиҳо, тарҷеъбанду таркиббандҳо ва ғайра тааллуқ доранд. Анисӣ Юлқулибек дар ин навъ ашъор беҳтарин анъанаҳои назми пешинаи форс-тоҷикро идома додааст. Силсилаи ғазалҳо дорад дар татаббӯи Ҳофизи Шерозӣ. Мавзӯи ғазалҳояш панду андарз, шикоят аз беадолатиҳои замона, ҳасби ҳол — шикоят аз рӯзгори номусоид ва ғайра мебошанд. Ба ғайр аз ашъори ғиноӣ аз Анисӣ Юлқулибек то замони мо маснавие бо номи «Маҳмуд ва Аёз» (нотамом) расидааст, ки як нусхааш дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Академияии Илмҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Абёти зерин аз ӯст:

Дӯш фарёди Анисӣ синаҳо маҷрӯҳ кард,
Нештаре гӯё, ки дар ҳар нола пинҳон кардаанд.
                       ***
Пайи ислоҳи толеъ умр дар кори ҳунар кардам,
Ба устодӣ наёрастам, ҳарир аз бӯриё кардам.
                       ***
Гар пас аз марг ҳам осуда нагардам, чӣ аҷаб,
Меҳнати рӯз ба шаб хоби парешон орад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдулбоқии Наҳовандӣ, Маосири Раҳимӣ, ҷ. 3, Калкатта, 1935;
  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ 1. Д., 1981.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]