Анкета

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Варақаи № 1 анкетаи Барӯйхатгирии умумирусиягии аҳолӣ соли 2010.

Анкета (фр. enquête «таҳқиқ; пурсиш»; англ. inquiry), пурсиши анкетӣ — методи пурсиш, усули гирифтани маълумоти ибтидоии иҷтимоӣ ва иҷтимоию психологӣ.

Анкета маҷмӯи саволҳое мебошанд, ки ба шахсони пурсидашаванда (озмудашаванда) тақсим карда мешаванд ва натиҷаи он минбаъд ҳамчун маълумоти ибтидоии таҷрибавӣ барои ҷамъбаст намудан хизмат мекунад. Дар илмҳои иҷтимоӣ (демография, сотсиология, психология) барои муайян намудани маълумоти тарҷумаиҳолӣ, афкор, мавқеъ ва нишонаҳои хислати шахси пурсидашаванда аз пурсиши анкетӣ истифода мебаранд. Асоси анкетаи психологиро ҳисоботи хаттии озмудашавандагон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, анкетаи психологиро дар синни ибтидои кӯдакӣ ба кор намебаранд. Натиҷаҳои анкетаи психологӣ ба таври оморӣ кор карда мешавад.

Тартибдиҳии анкета кори дастаҷамъӣ буда, се марҳаларо дар бар мегирад. Дар марҳалаи якум мазмуни анкета муайян карда мешавад. Дар марҳалаи дуюм саволҳои заруриро интихоб мекунанд. Саволҳо ҳатталимкон бояд кӯтоҳ, фаҳмо, сода, аниқ ва як маъно дошта бошанд. Дар марҳалаи ниҳоии тартибдиҳии анкета миқдор ва тартиби саволҳои додашаванда муайян карда мешавад. Ду намуди пурсиши анкетиро ҷудо мекунанд: кушода ва пӯшида. Дар пурсиши анкетии кушода савол дода мешавад ва ҷавоб озод аст. Дар пурсиши анкетии пӯшида бошад, баробари савол якчанд варианти ҷавобҳо пешниҳод карда мешаванд ва шахси озмудашаванда ҷавобашро аз доираи онҳо интихоб мекунад. Вобаста ба хусусияти маълумоти зарурӣ ва тарзи гирифтани он намудҳои гуногуни пурсиши анкетиро ба кор мебаранд: пурра (масалан, рӯйхатгирии аҳолӣ), интихобӣ (гурӯҳҳои синнусолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ғайраро фаро мегирад), шифоҳӣ (мусоҳиба) ва хаттӣ (варақаи саволҳо), фардӣ ва гурӯҳӣ, рӯбарӯ ва ғоибона (ба воситаи почта, телефон).

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]