Jump to content

Антиохи I Сотер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Антиохи I)
Антиохи I Сотер
Αντίοχος Α' Σωτήρ
Тетрадрахма Антиохи I
Тетрадрахма Антиохи I
Пешгузашта Селевки I Никатор
Ҷонишин Антиохи II Теос

Таваллуд 324 то м.(-324)
Даргузашт 261 то м. ё 262 то м.[1]
Дудмон Селевкиён[d]
Падар Seleucus I Nicator[d][2]
Модар Опомо (духтари Спитамен)[2]
Ҳамсар Stratonice of Syria[d]
Фарзандон Антиохи II Теос[2][3], Stratonice of Macedon[d], Apama II[d], Laodice[d] ва Seleucus[d]
Эътиқод дини Юнони Бостон[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Антио́хи I Сотер (юн.-қад. Αντίοχος Α' Σωτήρ; тақ. 324 то м. — 261 то м.) — писари Селевки I Никатор. Модараш Опама духтари яке аз ашрофони Бохтар ба исми Спитамон буд. Ҳукмронӣ солҳои 281—261.

Солҳои аввал

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ибтидо ҳамроҳ бо падараш ҳукумат мекард ва дар айни замон ҳокими бахши шарқии давлати селевкиён, яъне манотиқи Эрони имрӯза ва Бохтар буд. Ӯ аз соли 280 то м. ҳокими мустақил шуд. Бохтар яке аз марказҳои муҳими давлати селевкиёни шарқӣ буд ва Антиохи I ба номи худ сикка зарб зад.

Муҳимтарин иқдоми сиёсӣ ва низомии Антиохи I дафъи ҳамлаҳои қавмҳои бодиянишин буд. Дар замони ҳукумати ӯ ду юриши зидди ақвоми бодиянишинон сар заданд: яке аз тариқи роҳи заминӣ зидди саҳрогардони он сӯи Яксарт (Сирдарё; тақрибан 293—289) ва дуюм аз тариқи дарёи Хазар зидди массагетҳо (бо роҳбарии Патрокл, 295—280). Антиохи I дар ободонии шаҳрҳо ва ривоҷи муносибатҳои тиҷоратӣ таваҷҷуҳи хосе дошт. Чунончӣ дар минтақаҳои шарқии давлати худ шаҳрҳо ва ободиҳои бисёри юнонинишинеро, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои қавму қабилаҳои бодиягард хароб шуда буданд, аз нав обод намуд. Дар Марв ба ҷойи шаҳри вайроншудаи Искандария шаҳри наве бо номи Антиох бино ниҳод ва гирдогирди шаҳрро бо девор иҳота кард. Бархе аз муҳаққиқин мӯътақиданд, ки Антиохи I дар Бохтар ба шаҳри Искандарияи назди Окс — шаҳри ҷадид ба номи Антиохияи Тармата бунёд гузошт. Ҳамчунин ӯ шаҳри наверо бо номи Антиохияи сакоӣ ба ҷойи шаҳри Искандарияи Ақсо таъсис кард. Вай ҳамчунин дар мулки Арея (Ҳирот) ба ҷойи шаҳри Гераклея шаҳри нави Ахаидаро бино намуд. Аммо воқеаҳои қисми ғарбии давлати селевкиён чунон шакл гирифт, ки Антиохи I тарки Бохтар кард ва пас аз ин нисбат ба вазъи минтақаҳои шарқии давлати худ таваҷҷуҳи камтаре зоҳир намуд. Антиохи I барои рафъи душманони хеш дар ҷанги Осиёи Хурд (277 то м.) аз сатрапи Бохтар Диодот дархост намуд, ки сипоҳи селевкиёнро бо 20 фили ҷангӣ таъмин намояд ва дар воқеъ, дастури Антиохи I иҷро шуд. Маҳз бо кумаки низомӣ ва молии сатрапи Бохтар Антиохи I дар набарди соли 275 пирӯз гардид. Бузургтарин ҷанги Антиохи I юриши ӯ муқобили ҳокими Миср — Птолемейи II (Батлимуси II) буд, ки дар таърих ба номи «Ҷанги Сурия» (274—271) машҳур аст.

  1. Антиох (рус.) // Военная энциклопедияСПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1911. — Т. 2. — С. 598—599.
  2. 2.0 2.1 2.2 Антиох (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. Iа. — С. 849—850.
  3. Антіохъ (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 2. — С. 373—374.


Шаблон:Селевкиён