Jump to content

Аншлаг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аншлаг – эълоне, ки аз фурӯхта шудани кулли билетҳои консерт ё спектакл дарак медиҳад. Аксар вақт мегӯянд: «Консерт бо аншлаг гузашт» ё ки «Имрӯз аншлаг буд» ҳамонро мефаҳмонад, ки хоҳиши тамошогарон нисбат ба консерт ё спектакл хеле зиёд будааст.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.34. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)