Анҳидрит
Анҳидри́т (юн.-қад. ἀν- — ҳиссачаи инкорӣ ва ὕδωρ — «об», яъне «оби рехта») — минерал, формулаи химиявиаш Ca [SO4]. Системаи кристаллбандиаш ромбӣ; кристаллҳояш пулакчаю призмашакл ва псевдокубӣ. Рангаш сафед, хокистарӣ, кабудча ва сурхча. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос — 3—3,5; зичиаш 2800—3000 кг/м3 ; зудшикан. Аз намии ҳаво ҳаҷмаш то 30 % афзуда, ба гипс табдил меёбад. Дар ҷинсҳои таҳшин, хусусан дар доломитҳо, оҳаксангҳои доломитдор, конҳои намак, гипс, баъзан дар рагҳои гидротермалӣ вомехӯрад;
Ҷинси таҳшин
[вироиш | вироиши манбаъ]Анҳидрит ҷинси таҳшинест, ки асосан аз минерали ангидрит иборат буда, маҳсули таҳшини химиявии сулфати калсий дар кӯлу мурдобаҳои хушкшаванда мебошад. Дар табиат аксар қабат-қабат мехобад. Ангидрит ҳамчун нурии минералӣ ва барои тайёр кардани семент ба кор меравад. Конҳои он дар ноҳ-ҳои Исфара, Темурмалик ва водии Вахш мавҷуданд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бетехтин А. Г. Курс минералогии. Государственное Издательство геологической литературы, Москва, 1951, 542 с.
- Hardie, L.A. (1967), The gypsum-anhydrite equilibrium at one atmosphere pressure // American Mineralogist: 52: 171—200.