Ар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ар (ишораи тоҷикӣ: а; байналмилалӣ: а; аз фр. are аз лот. area «майдон, сатҳ», гуфт. сотих) — воҳиди андозагирии ғайрисистемавии масоҳат, мураббаъи бо бар ва дарозии 10 метр.

1 а = 100 м² = 0,01 га

Дар бархе кишварҳо ҳамчун Индонезия, Ҳинд ва кишварҳои бо забонҳои фаронсавӣ, португолиёӣ, словакӣ, сербӣ, чикӣ, полшаӣ, нидерландӣ ва олмонӣ истифода аз он маъмул аст.

Дар Русия ва кишварҳои Иттиҳоди ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ воҳиди ар, ки сотка хонда мешавад, дар ташреҳ ва тавсифи хонаҳои яйлоқӣ ва рустоӣ ва паркҳои кӯчак истифода мешавад. Воҳиди ар маъмулан дар гуфтори мардуми Тоҷикистон сотих ва садяк гуфта мешавад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]