Арзиш (илми иқтисод)
Арзиш — сарфи меҳнати дар мол таҷассумёфта ва мақулаи асосии иқтисод.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Арзиш аз замонҳои қадим то имрӯз таваҷҷӯҳи донишмандон ва иқтисоддонҳои ҷаҳонро нисбат ба моҳият ва мазмуни худ, пайванди ногусастанӣ доштан бо масоили дигари иқтисодию иҷтимоӣ аз ҳама бештар ҷалб кардааст. Доир ба пайдоиш, намудҳои гуногуни арзиш дар алоқамандӣ бо таъсири омили сарфи меҳнат, нархи мол дар бозор, таносуби пешниҳоди мол, талабот, истеъмол ва сарфи меҳнати ҷамъиятӣ ва ғ. Аз ҷониби донишмандон фикру андешаҳои мухталиф баён карда шудаанд. Классикони иқтисоди сиёсӣ Адам Смит (1723 — 90), Давид Рикардо (1772—1823) ва Алфред Маршалл (1842—1924) кӯшиш карданд, ки моҳият ва мазмуни арзиши мол ва тақсимоти арзишро аз диди нав ва танқиди ақидаи дигарон шарҳ диҳанд. Онҳо низ арзиши молро дар алоқамандӣ бо сарфи меҳнат дида, ба ин назария андешаҳои ҷолиб илова карданд. Д. Рикардо андешаи арзиш Смитро оид ба он, ки арзиши молро ё андозаи меҳнати зарури истеҳсолӣ (меҳнати сарфшуда) муайян мекунад, инкишоф дод, назарияи тақсимоти меҳнати ҷамъиятиро асоснок кард, тақсимоти арзишро дар байни синфҳои ҷомеа нишон дод. Арзиш Маршалл ин назарияи классикиро бо маржинализм — нафъи мол ва сифати маҳсулот на танҳо омезиш дод, балки ба ҳам пайваст. Мувофиқи андешаи ӯ манфиати мол аз баробарии байни суди ҳудуди мол ва ҳудуди хароҷоти истеҳсоли он вобастагии сахт дорад. Дар асоси ин ақида манфиатнокӣ ё нафъи мол дар баробарии байни пешниҳоди мол ва талаботи истеъмолгар хубтар зоҳир мегардад: харҷи меҳнати барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳо сарфшуда ба вуҷуд меояд. Барои он ки маҳсулот унвони «мол»-ро гирад, вай бояд арзиш ё нарх дошта бошад, то дар бозор ба воситаи пул хариду фурӯш шавад ва ба ин васила талаботи истеъмолгаронро ҳарчӣ бештар қонеъ гардонад. Яъне ҳар як навъи неъмати моддие, ки мафҳуми «мол»-ро мегирад, пеш аз ҳама бояд дар ҷараёни истеҳсолот, яъне дар корхона ва дигар субъектҳои хоҷагӣ тавлид гардад ва бо мақсади хариду фурӯш ҳатман ба бозор бароварда шавад. Мол, одатан, ду хислати ба худ хос дорад: якум — қобилияти қонеъ кардани талаботи гуногун ва доимоафзояндаи аҳолӣ, яъне арзиши истеъмолӣ, дуюм — қобилияти иваз шудан ба молҳои дигар, яъне арзиши мубодилавӣ. Бинобар ин, арзиш Смит арзиш ва назарияи онро ҳамаҷониба таҳқиқ намуда, ду ҷиҳат: арзиши истеъмолӣ ва арзиши мубодилавӣ доштани молро асоснок кард ва онҳоро ба ҳам пайваст. Баъдтар олимони дигар (мас., арзиш Маршалл) ба масъалаи арзиши истеъмолӣ камтар таваҷҷӯҳ карда, баръакс ба пулу нарх ва робитаи мутақобилаи онҳо, ба муносибатҳои иқтисодӣ дар истеҳсолот, истеъмолот ва мубодила бештар мароқ зоҳир намуданд. Дар манбаъҳои илмӣ баъзан категорияи асосии иқтисодӣ будани арзишро ҳатто инкор мекунанд. Ба пиндори онҳо, дар ин бобат на арзиши мол, балки нафъи маҳсулот, маҳсули меҳнат аҳамияти бештар дорад. Карл Маркс арзиш ва пайдоиши онро дар асараш «Капитал» таҳқиқ ва баррасӣ намуда, ду хислат — арзиши истеъмолӣ ва арзиши мубодилавӣ доштани молро аз назари илмӣ ва методологӣ шарҳ додааст. Воқеан ҳар ду хислати ба ҳам пайванди мол — арзиши истеъмолӣ ва худи арзиш, чун воситаи зарури мубодилаи он, бо моҳияти духелагии меҳнати тавлидгарон вобастагии қавӣ доранд. Дар ин ҳолат меҳнати мушаххас сабаби пайдоиши арзиши истеъмолӣ гардида, меҳнати номушаххас худи арзишро ба вуҷуд меоварад. Дар асл меҳнати номушаххас шакли ноаёни меҳнати ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад ва аз шакли мушаххаси меҳнат вобастагӣ надорад, танҳо дар ҳолати рух додани мубодилаи молҳо ба тавассути арзиши мубодилавӣ моҳияти ҷамъиятӣ пайдо мекунад. Ҳисоби миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда бо роҳи қиёс ва бо ҳамдигар баробар кардани як намуди мол бо дигараш фақат дар ҷараёни хариду фӯруши онҳо, яъне дар муомилоти мол мушоҳида мегардад. Бинобар ин, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва махсусгардонии меҳнат ҳар қадар инкишоф ёбад, меҳнати номушаххас (чун ифодаи воқеии ягонагии меҳнати ҷамъиятӣ) ҳамон қадар бештар зуҳур менамояд ва ба ин васила арзиш ҳам ташаккул меёбад.
Моҳияти ҳақиқии арзишро дар замони капиталистӣ К. Маркс ҳангоми таҳлили назарияи мол (ҳамчун шакли умумии маҳсули меҳнат) ба тарзи васеътар маънидод кардааст. К. Маркс ба андеша ва дастовардҳои таҳқиқгарони пешин такя намуда, назарияи илмии мол, хислати духелаи онро дар иртибот бо меҳнати мушаххас ва номушаххас, механизми пайдоиши арзиш ва арзиши изофаро дар сатҳи баланд таҳқиқ кард. Арзиш ҳамчун шакли муносибат дар байни истеҳсолгарони мол танҳо ба харҷи меҳнати ҷамъиятӣ ва ҷараёни мубодилаи онҳо асос меёбад. Бо ин сабаб, ба ӯ муяссар шуд, ки омилҳои объективии бузургии арзишро чун категорияи муҳими иқтисодӣ ҳамаҷониба таҳқиқ намояд. Азбаски арзиш категорияи дар мол таҷассумёфтаи меҳнати ҷамъиятӣ мебошад, бузургии онро объективона, танҳо бо роҳи ҳисоби амиқу саҳеҳи харҷи вақти кории зарурӣ, аниқтараш, харҷи меҳнати зарурии ҷамъиятӣ (ХМЗҶ) дар истеҳсоли мол, муайян кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, дар пояи ин нишондиҳанда бояд на харҷи инфиродии меҳнат, балки ХМЗҶ бо дарназардошти шароити миёнаи харҷи меҳнат дар истеҳсоли мол ва талаботи он дар бозор муқаррар гардад. Лекин ҳисоби ХМЗҶ ҳамчун заминаи воқеии муайян кардани арзиши мол кори бениҳоят мушкил аст.
Дар амали хоҷагидорӣ арзиши мол, аз ҷумла арзиши истеъмолии он ва нархи он дар бозор бо ҳам аломқамандии бевосита доранд. Нарх — ин ифодаи пулии арзиши мол мебошад. Нарх ҳамчун яке аз унсурҳои асосии бозор дар ангезиши ҳавасмандгардонии рушди истеҳсолот, пайвастани ҳадаф ва мақсади он бо истеъмолот, қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба миқдор ва сифати молҳо ва ҳар гуна хизматҳо, ҳамоҳанг намудани миқдори пешниҳоди мол бо талаботи аҳолӣ нақши басо бузургро ба ӯҳда дорад. Арзиши мол метавонад ба нархи мол баробар бошад ё аз он зиёд ва поён бошад. Молҳое, ки қиёсан нисбати якдигар сифати баланд доранд, арзиши истеъмолиашон ҳам бояд баланд бошад, зеро нафъашон ба истеъмолгарон зиёдтар аст. Азбаски муайян кардани бузургии ХМЗҶ чун заминаи асосии нарх, хусусан ҳисоби он бо пул, дар таҷрибаю амалияи иқтисодӣ кори хеле заҳматталабу аз назари методологӣ ва методӣ душвор аст, нархи молро дар заминаи ҳисоби миёнаи арзиши аслии ин ё он намуди маҳсулот ҳисоб мекунанд. Дар шароити амали муносибатҳои бозорӣ бошад, барои аниқ кардани нархи мол (арзиши аслии маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ) ҳамзамон сатҳи миёнаи хароҷоти муомилотро ба эътибор гирифтан зарур аст. Дар шароите, ки механизми нархгузории озоди бозорӣ амал мекунад, ба нархи мол боз омили пурзӯри дигар — тағйирёбӣ ва таносуби байни пешниҳоди мол ва талаботи аҳолӣ дар бозор (бо назардошта омили рақобати бозорӣ дар дохили кишвар ва берун аз марзи он) таъсири калон мерасонад. Нарх ҳамчун таҷассумгари арзиши воқеии мол (ва хизматҳои пулакӣ) дар шароити амали бозор, ба ғайр аз арзиши аслии маҳсулот (ва хароҷоти муомилот), ҳатман тибқи қоидаю муқаррароти амалкунандаи низоми нархгузорӣ ба молу хизматҳо андозаи меъёри фоиданокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, инчунин андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз, боҷу хироҷи гумрукӣ, тахфифи корхонаҳои савдои яклухт ва корхонаҳои савдои чаканаро низ дар бар мегирад.
Арзиши аслии маҳсулот
[вироиш | вироиши манбаъ]Арзиши аслии маҳсулот ифодаи пулии хароҷоти ҷории корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад, ки бо ҷараёни тавлид ва тиҷорати маҳсулот дар воҳиди муайяни вақт (рӯз, моҳ, се моҳ ва як сол) иртибот дорад. Арзиши аслии маҳсулот ҷузъи асосӣ ва таркибии нархи маҳсулот ё арзиши мол ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, сарфаю сариштакорӣ дар корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва дигар субъектҳои соҳаҳои истеҳсолии иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад, зеро шарти муҳими паст кардани арзиши воқеии мол (нарх) ва ба даст овардани фоида мебошад. Арзиши мол вобаста ба таъйинот, ҳисоб, таҳлил ва нақшагирӣ ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешавад: якум — унсурҳои ҳаммонанди иқтисодӣ ва дуюм — моддаҳои нархгузорӣ (ниг. Нархгузорӣ). Ба таркиби арзиши аслии маҳсулот. Аз рӯи нишонаҳои иқтисодӣ хароҷоти моддӣ (ашёи хом ва сӯзишворӣ), музди меҳнати асосӣ ва иловагӣ, ҳиссаҷудокунӣ барои чорабиниҳои иҷтимоӣ, истеҳлоки фондҳои асосӣ ва дигар хароҷот дохил мешаванд. Гурӯҳбандии арзиши аслии маҳсулот аз рӯи моддаҳои нархгузорӣ ба таври зайл аст: ашёи хом ва масолеҳ (маҳсулоти нимтайёри харида, агрегатҳо ва ғ.); партовҳои қобили истифода (тарҳ карда мешаванд); маводи сӯхт ва нерӯи барқ барои мақсадҳои технологӣ; музди кори асосӣ ва иловагии коргарони истеҳсолот; ҳиссаҷудокунӣ барои бимаи иҷтимоӣ; хароҷоти умумиистеҳсолӣ; хароҷоти сафари хизматӣ; хароҷот барои ташкилотҳои дигар; хароҷоти идорию маъмурӣ; хароҷоти ғайриистеҳсолӣ. Нархгузорӣ дар шакли ҷадвал таҳия гардида, бо пул андоза кардани хароҷоти истеҳсол ва фурӯши як воҳиди маҳсулот мебошад. Ҳисоби нархгузории арзиши аслии маҳсулот дар корхона одатан, меъёрӣ, нақшавӣ ва ҳисоботӣ мешавад. Намудҳои сехӣ, истеҳсолӣ ва пурраи тиҷоратӣ (бо ҷузъиёти алоҳида)-и арзиши аслии маҳсулот аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Арзиши аслии сехӣ ба бузургии умумии арзишҳои зерин баробар аст: ашёи хом ва масолеҳ + маҳсулоти нимтайёри харида — партовҳои қобили истифода + маводи сӯхт, нерӯи барқ барои мақсадҳои технологӣ + музди кори асосӣ ва иловагии коргарони истеҳсолот + ҳиссаҷудокунӣ аз музди меҳнат ба мақсадҳои иҷтимоӣ + хароҷоти сехӣ.
Арзиши аслии истеҳсолӣ — ҳосили ҷамъи бузургии арзиши аслии сехӣ + хароҷоти умумикорхонавӣ + хароҷоти дигари истеҳсолӣ. Ин нишондиҳандаи сифатии истеҳсолот маблағи хароҷотро оид ба тавлиди мол, иҷрои хизматҳо дар корхона ва дар як воҳиди муайяни вақт нишон медиҳад.
Арзиши аслии пурра ё тиҷоратии маҳсулот бузургии кулли хароҷот буда, онро бо ҳисоби пул ҳамчун ҳосили ҷамъи арзиши аслии истеҳсолӣ + маблағи хароҷоти ғайриистеҳсолӣ муайян мекунанд, ки сарфи маблағҳоро барои бозорёбии мол дар бар мегирад.
Арзиши аслии инфиродии маҳсулоти саноатӣ бузургии хароҷоти ҷорӣ оид ба истеҳсоли ягон намуди маҳсулот дар доираи танҳо як корхонаи истеҳсолӣ мебошад.
Арзиши истеъмолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Арзиши истеъмолӣ намуд ва ҷузъи таркибии арзиши мол буда, ягон талаботи инсонро қонеъ мегардонад. Инчунин нафъи маҳсулот (мол)-ро барои истеъмолгарон ва ҳар гуна хизматҳоро, ки дар сифат ва нишонаҳои хоси онҳо инъикос ёфтааст, ифода мекунад. Ҳар як намуди мол арзиши истеъмолӣ дорад. Талаботи аҳолӣ, ҳамчун яке аз унсурҳои таркибии бозор, дар навбати аввал аз имкониятҳо ва манбаъҳои ба даст овардани даромадҳои пулӣ вобаста буда, одатан, на танҳо гуногун, балки тағйирёбанда ва афзоишёбанда мебошад. Нафъи мол низ бояд ба талаботи аҳолӣ ва тағйирёбии он мутобиқат кунад. Моли хушсифат, ки ба он истеъмолгарон эҳтиёҷ доранд, албатта, арзиши истеъмолии нисбатан зиёдтар дорад ва нархи он ҳам бояд то андозае нисбат ба дигар моли ҳаммонанд қиматтар бошад. Ҳамин тариқ, арзиши истеъмолии мол ба се омил: миқдор, шакли молӣ ва сифати он вобастагӣ дорад. Хизматрасонӣ низ дар шароити бозор мол ҳисоб меёбад, вале он моли махсус буда, ҳамзамон арзиш ва арзиши истеъмолӣ дорад. Арзиши истеъмолии хизматҳо шакли шайъӣ надошта, ба истеъмолгарон манфиат дорад.
Арзиши гумрукии мол
[вироиш | вироиши манбаъ]Арзиши гумрукии мол — арзиши мол аст, ки барои ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ (боҷу хироҷи гумрукӣ) истифода мегардад. Арзиши гумрукии мол манбаи андозбандӣ мебошад. Ин нишондиҳандаи иқтисодиро ҳангоми аз хориҷи кишвар ба ҳудуди гумрукӣ ворид шудани молҳо истифода мебаранд. Пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети умумидавлатӣ боҷи гумрукӣ ва аксизҳо ба номгӯи муқарраргардидаи молҳои мушаххас, андоз аз арзиши иловашуда ва хироҷҳои махсусро дар бар мегирад, ки барои иҷрои хизматҳои гумрукӣ (назорати молҳои воридотӣ, мувофиқат кардани ҳолати воқеии онҳо ба ҳуҷҷатҳои таҳвили мол ва ҳуҷҷатҳои молӣ-нақлиётӣ, гузарондани санҷишҳои лабораторӣ дар ҳолати пайдо шудани шубҳа, қонуншиканиҳо ва ғ.) пешбинӣ шудаанд.
Арзиши гумрукии мол нишондиҳандаест, ки онро кормандони ҳудуди гумрукии кишвар бояд хеле саҳеҳ муайян кунанд. Ин ҳисоб бо яке аз шаш тарз бояд иҷро гардад:
- аз рӯи арзиши муомилотии молҳои воридотӣ, ки усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол ба ҳисоб меравад. Ин усул бо роҳи ба эътибор гирифтани арзиши муомилотӣ, ки маблағи он воқеан пардохт шудааст ё пардохта мешавад, муайян мегардад. Дар ин ҳолат ба арзиши гумрукии мол боз хароҷоти нақлиёт, бимакунонӣ, иҷозатномагирӣ (литсензия) ва ғ. ҳамроҳ карда мешавад;
- дар ҳолати нокифоя будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҳвили ин ё он намуди мол, кормандони мақомоти гумрук метавонанд аз усули дигар — арзиши муомилотии молҳои ба ин монанд истифода баранд;
- дар ҳолати мавҷуд набудани асос барои ҳисоби дақиқи арзиши гумрукии мол аз рӯи ду усули мазкур аз усули сеюм — арзиши муомилотии молҳои ҳаммонандро, ки нишонаҳои якхела ва ҷузъиёти ба ҳам хеле наздик доранд, истифода бурдан мувофиқи мақсад аст;
- усули чорум тарҳ кардани арзиш аст: аз нархи моли баҳододашаванда маблағи фурӯши он дар бозор тарҳ карда мешавад;
- усули панҷуми ҳисоби арзиши гумрукии мол ҷамъ кардани маблағҳои хароҷоти истеҳсоли мол ва фоида мебошад. Дар ин ҳолат ба бузургии хароҷоти истеҳсоли мол маблағи фоида ва хароҷоти муомилоти моли санҷидашаванда зам карда мешавад;
- усули захиравӣ.
Онро танҳо дар ҳамон ҳолат истифода мебаранд, ки агар муайян кардани арзиши гумрукии мол бо кулли усулҳои зикршуда имконнопазир бошад. Моҳияти ин усул ба ҳисобҳои махсус ва баҳои экспертӣ оид ба арзиши муомилотии молҳо, нархи воридотӣ ва тиҷорати воқеии онҳо асос меёбад. Ҳамин тариқ, ба арзиши гумрукии мол маблағи арзиши иловашуда (аз рӯи меъёри амалкунанда — 18 %) ва маблағи аксизҳо (бо меъёри молҳои зераксизии воридотӣ), ки Ҳукумати ҶТ муқаррар кардааст (с. 2011), ҷамъ карда мешавад. Ба маблағи ин тарзи ҳисоби пардохти (боҷи) гумрукӣ боз бузургии хироҷоти гумрукӣ илова гашта, сипас ҳамчун боҷу хироҷи гумрукӣ ба буҷети умумидавлатӣ равона карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арзиш / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.