Ариза ва мактуби шаҳрвандон дар бораи содир намудани ҷиноят
Ариза ва мактуби шаҳрвандон дар бораи содир намудани ҷиноят - дар амалияи мақомоти ҳифзи ҳукуқ яке аз сабабҳои маъмули оғоз намудани кори ҷиноятӣ дар асоси ариза ва мактубҳои шаҳрвандон дар бораи содир шудани ҷиноят мебошад. Дар асоси м. 106 КМҶ аризаҳои шаҳрвандон дар бораи содир шудани ҷиноят даҳонӣ ва хаттӣ шуда метавонанд. Аризаҳон даҳонӣ ба протокол навишта шуда, ба он арзкунанда ва шахси мансабдори мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор ё судя, ки ин аризаро қабул кардаанд, имзо мекунанд. Ба аризаи хаттӣ бояд шахсе, ки ариза додааст, имзо кунад. Ба арзкунанда бояд фаҳмонида шавад, ки барои дидаю дониста маълумоти бардурӯғ доданаш ҷавобгар аст ва дар ин бора дар протокол қайд карда бо имзои арзкунанда тасдиқ карда шавад. Ин талаботи қонун барои баланд бардоштани масьулияти арзкунанда равона карда шудааст, кн пеш аз арз намудан андеша бояд кард. Азбаски ариза сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ мебошад, бинобар он бояд асоснок ва воқеӣ бошад. Оид ба як силсила ҷиноятҳо сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ аризаи ҷабрдида шуда метавонад, аз ин рӯ, талаботи қонун нисбат ба аризаи шаҳрвандон ҳамчун сабаби оғози кори ҷиноятӣ аҳамияти амалӣ ва мурофиавӣ дорад. Тибқи талаботи м.105 КМҶ аризаи шаҳрвандон, ки дар бораи содир шудани ҷиноят ба мақомоти суд, прокуратура барои тафтиш ва таҳқиқ дода шудааст, дар муддати на зиёдтар аз се шабонарӯз ва дар мавридҳои истисно бошад, дар муддати на зиёдтар аз даҳ шабонарӯз ҳал карда мешавад.[1].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.56