Jump to content

Ортемис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Артемида)
Ортемис
юн.-қад. Ἄρτεμις
Мифология дини Юнони Бостон[d]
Пол зан
Отец Зевс[1]
Мать Leto[d][1]
Братья и сёстры Аполлон[1]
В иных культурах Diana[d], Anahit[d], Artio[d], Moon[d] ва Awilix[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ортемис, Артеми́да (юн.-қад. Ἄρτεμις) — дар асотири юнонӣ эзадбонуи шикор, фармонфармои ҷаҳони ҷонварону гиёҳон, духтари Зевс ва Лето, хоҳари тавъами (аз як батн) Аполлон. Дар асотири Руми Бостон Ортемис ба олиҳа Диана монанд аст[2].

Асотир ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хурдсолӣ шикорро дӯст медошт ва дар иҳотаи париён (нимфаҳо) дар бешазорон ва кӯҳу пуштаҳо шикор мекард. Камонвари мумтоз буд. Шахсонеро, ки тартибу низоми муайяншударо риоя намекарданд ва ё нисбат ба ӯ беҳурматӣ зоҳир менамуданд, бераҳмона ҷазо медод. Мас., сайёди ҷавон Актеон ҳангоми оббозӣ кардани Ортемис ба бадани урёни ӯ нигарист. Ортемис вайро ба оҳу мубаддал кард ва ба пеши сагон партофт. Сагҳо ӯро пора-пора карда хӯрданд. Барои ақди бо Зевс бастаашро вайрон кардани Каллисто ӯро ба гуроз табдил дод. Орионро барои бо вай дар тирандозӣ мусобиқа карданаш ба қатл расонд. Ниоба дар пеши худоён серфарзанд будани худро ситоиш кард. Ортемис Ниоба ва 12 фарзандашро нобуд кард. Ба қаҳру ғазаб ва хашми Ортемис инчунин худоёну паҳлавонон Мелеагр, Агаменон, Геракл, Адмент, Буфага ва дигарон гирифтор шуданд.

Ортемис дар асотир чун олиҳаи хирс, дӯстдори қурбонӣ тасвир шудааст. Вай гӯё аввал ба шакли хирс ба дунё омад, сипас сурати одамиро гирифт. Дар ҷашнҳову ситоишҳои Ортемис мардум пӯсти хирс пӯшида мебаромаданд, то андаке хун баромадан гардани мардонро мебуриданд (қурбонӣ мекарданд). Ортемис инчунин олиҳаи ҳосили киштзорон, нигаҳдорандаи наботот мебошад. Вай ба занони ҳомила вақти зоиш кумак мерасонад. Аз ин ҷиҳат Ортемис ба олиҳаи юнонӣ Илифӣ ва олиҳаи ориёӣ Аредвисура Аноҳита монанд аст. Ортемис дар ишқ ба маҳбубаш Эндимион ноком шуд ва то охири умр бокира монд. Шахсони тӯйшавандаро бад медид, аз ин рӯ тӯйшавандаҳо барои паст кардани ғазабаш ба ӯ қурбонӣ меоварданд. Дар баъзе муҷассамаҳо Ортемис дар даст машъал дорад. Аз ин ҷост, ки вай ба олиҳаи рӯшноӣ — олиҳаи Моҳтоб — Селена ҳаммонанд гардидааст. Дар Юнон маъбадҳои бисёри Ортемис вуҷуд доштанд. Маъбади машҳури Ортемис дар Осиёи Хурд ҷой гирифта буд. Сохтмони маъбади нахустини Ортемис 120 сол давом кард. Онро Герострат барои сабт гардидани номаш дар саҳифаҳои таърих соли 356 то м. оташ зад. Пас аз тармим ин маъбад яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам ба шумор мерафт.

  • Саъдуллоҳи Наим, Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ, Д., 2006.