Jump to content

Асадулло Шукуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асадулло Шукуров
Асадулло Исмоилович Шукуров
Ном ба ҳангоми таваллуд: Асадулло Исмоилович Шукуров
Таърихи таваллуд: 7 май 1970(1970-05-07) (54 сол)
Зодгоҳ: Сариосиё Сурхондарё
Навъи фаъолият: адиб, рӯзноманигор

Асадулло Шукуров - ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилояти Самарқанд - «Овози Самарқанд».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асадулло Шукуров 7 июни 1970 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Хатмкардаи мактаби рақами 12 зодгоҳ аст. Факултети филологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳанӯз солҳои 1987-1988 омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 15-и ноҳияи Сариосиё буд. Пас аз адои хидмати ҳарбии ҷавонмардӣ баробари таҳсили олӣ дар вазифаи муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Сариосиё ҳақиқати» фаъолияти кориашро давом дод. Асадуллоҳ аз соли 2000 шаҳрванди доимии шаҳри бостонии Самарқанд аст. Як муддат дар вазифаи муҳаррири шуъбаи тоҷикии радио ва телевиденияи Самарқанд кор кард. Солҳои 2000-2006 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилоят - «Овози Самарқанд», солҳои 2006-2008 сармуҳаррири рӯзномаи мактабиён - «Булбулча» ва солҳои 2008-2012 сармуҳаррири журнали адабии «Маҳорат» буд. Аз моҳи декабри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии худро давом медиҳад.

Муаллифи китобҳои

  • «Атри ваҳдат»(Тирмиз,«Ҷайҳун»,1998),
  • «Намозгоҳи хуршед» (Самарқанд, «Зарафшон»,2003),
  • «Осиёи қисмат»(Самарқанд, «Зарафшон» 2003),
  • «Ашки ошиқ» («Зарафшон»,Самарқанд, 2006),
  • «Чил баҳору чил хазон» (Тошканд, «Муҳаррир», 2010) аст.

Шеъру ҳикояҳояш ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.[1]

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2014  сол.

  1. Асадулло Исмоилович Шукуров. 12 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.