Асад Гулзодаи Бухороӣ
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1935 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 май 2023 (88 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | забоншинос, шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Асад Гулзодаи Бухороӣ (5 январ 1935, Шавгон[d], Вилояти Бухоро — 29 май 2023, Бухоро) — забоншинос, рӯзноманигор, шоир ва рушанфикри барҷастаи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Асад Гулзодаи Бухороӣ 5 январи соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пашакӯҳи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе аст.
То бознишастагӣ дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро ва дар бахши тоҷикии телевизион ва радиои ин вилоят фаъолият кардааст.
Бештар барои кӯдакону наврасон менависад. Маҷмӯъаҳои ашъораш дар Душанбе, Бухоро,Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд, ки «Насими Бухоро» (2001), «Хатти пешонӣ» (2003), «Бухоро» (2004), "Паёме аз Бухоро" (2022) аз ҷумлаи ин осор ҳастанд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асад Гулзодаи Бухороӣ рӯзи 29 майи 2023 дар 88-солагӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рао/Ро. Асад Гулзода, тарафдори эҳёи мактабҳои тоҷикӣ дар Бухоро, даргузашт. ВИДЕО(тоҷ.), Радиои Озодӣ (29 май 2023). Проверено 29 май 2023.