Маҳсулоти аудиовизуалӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Асари аудиовизуалӣ)
- Асар (маҳсулот)-и аудиовизуалӣ - тасвири видеоӣ бо садо ё бесадо, ки барои пахш ё қабул тариқи воситаҳои махсуси техникӣ пешбинӣ шудаанд (аудиовидеофильмҳо, кинофильмҳо, намоиши саҳнавӣ, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра).[1]
- Асари аудиовизуалӣ — яъне асари шуниданӣ ва диданӣ, асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқамандии кадрҳо (бо овоз ё бе овоз) иборат буда, барои дарки биноӣ ва шунавоӣ (дар сурати бо овоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдорпаҳн карда мешаванд. Асарҳои аудиовизуалӣ аз асарҳои синамоӣ ва ҳамаи асарҳои дигаре, киба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошанд: фипмҳои телевизионӣ ва видеоӣ, диафилмҳо, филмҳои слайдӣ ва ғайра сарфи назар аз тарзу усули интишори онҳо.[2].
- Асари аудиовизуалӣ — асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки биноӣ ва шунавоӣ (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъйин шудааст; асарҳои аудиовизуалӣ аз асарҳои кинематографӣ (синамоӣ) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ, диафилмҳо, филмҳои слайдӣ ва ғ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ТАДҚИҚОТИ БОЗОРИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОН. 11 май 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2014.
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.57
- ↑ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он. Моддаи 3. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 23-24, мод.348; соли 2003, № 8, мод.450; соли 2006, №3, мод. 153; соли 2009, №12, мод.825. 9 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 июни 2021.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |