Jump to content

Асарҳои хизматӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Асарҳои хизматӣ - асаре, ки тавассути иҷрои вазифа ё супориши хизматӣ офарида мешавад, асари хизматӣ ном дорад. Ҳуқуқи истифода намудан аз асари хизматӣ танҳо ба шахсе тааллуқ дорад, ки бо муаллиф дар муносибати меҳнатӣ қарор дорад, агар дар шартномаи байни ӯ бо муаллиф тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Агар корфармо асари мувофиқи супориши худаш офаридаро дар муддати се сол пас аз дастрас шудани он истифода накунад, ҳуқуқи истифода аз асар ба муаллиф мегузарад. Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифода аз асари хизматӣ ва тартиби пардохти музди он тавассути шартнома байни муаллиф ва корфармо муқаррар карда мешавад. Агар қомусҳо, луғати қомусӣ, маҷмӯи корҳои илмии даврӣ ва бардавом, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ зимни иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои хизматӣ офарида шаванд, қоидаҳои дар боло зикргардида ба онҳо паҳн намешаванд.[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қонун (дар ҳуқуқ)

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.57-58