Асоси кофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСÓСИ КОФӢ, яке аз қонунҳои мантиқи шаклӣ, ки мувофиқи он ҳеч як гуфтори q бидуни ҳеч як асоси кофӣ – р тасдиқ карда намешавад. Қонуни мазкур тақозо менамояд, ки ҳар як фикри дуруст бояд асоси дуруст дошта бошад. Қонуни асоси кофиро, агарчи формула надошта бошад ҳам, лекин шартан чунин ифода кардан мумкин аст: «Агар q бошад, пас, асоси вай р ҳам вуҷуд дорад», яъне (р→q).

Асоснокию далеловарӣ шарти муҳимтарини ҳар як фикр мебошад. Агар талаботи қонуни асоси кофӣ риоя нашавад, он гоҳ фикр бедалел ё беасос талаққӣ мегардад. Зери ибораи «асоси кофӣ» чунин асосе фаҳмида мешавад, ки он имкони ҳақ ё дурӯғ будани ҳукми муайянеро собит мекунад. Маъмулан аксиомаҳо, теоремаҳо, қонунҳои илм ва далелҳои санҷидашуда асоси кофӣ шуда метавонанд. Фақат ҳамин гуна ҳукмҳо бояд ба доираи донишҳои илмӣ дохил шаванд.

Агар асоси ҳукм фақат ин ё он шахсро муътақид намояд, он эътиқод аст. Масалан, «ман бовар дорам, ки майдонҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд ва онҳо чизи моддӣ мебошанд». Лекин, агар шахс нисбат ба ҳақ будани гуфтори худ шубҳа намояд, инро ақида меноманд. Масалан, «ман фикр мекунам, ки берун аз сайёраи Замин одамон вуҷуд доранд». Ҳамин тариқ, қонуни асоси кофӣ имкон медиҳад, ки мо ҳукмҳоро аз рӯи асоснокиашон ба дониш, эътиқод ва ақида тақсим намоем. Мисоли равшани истифодаи он амалияи риёзӣ мебошад, ки ҳеч як риёзидон бе далел чизеро тасдиқ кардан наметавонад.

Бо вуҷуди яке аз қонунҳои мантиқии баҳсталаб будани асоси кофӣ баъзе муаллифон даъво доранд, ки қонуни мазкур ҳатто хусусияти мантиқӣ надорад, бинобар ин онро қонун номидан амри муҳол аст. Ба ақидаи баъзе муаллифони дигар танҳо ба туфайли қонуни мазкур имкон пайдо шуд, ки мантиқи риёзии муосир инкишоф ёбад.

Қонуни асоси кофӣ чанд сол пас аз қонунҳои дигар аз ҷониби олими олмонӣ Г. Лейбнис (асри 18) баёни саҳеҳи худро ёфт, агарчи ба ақидаи баъзеҳо ин қонун ба Арасту маълум будааст. Қонуни асоси кофиро яке аз усулҳои тафаккур номидан мумкин аст, зеро ин усул тақозо менамояд, ки барои ҳар гуна тасдиқот бояд асосе мавҷуд бошад, то тавассути он фикри тасдиқшаванда ҳақ дониста шавад. Дар мантиқи анъанавӣ чунин шакли асоснокии дониш дар қатори дигар қонунҳои асосӣ (айният, безиддиятӣ ва истиснои солис) яке аз қо­нунҳои муҳимми тафаккур ё худ қонунҳои асосии мантиқ ба шумор мерафт.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сайфуллоев Н. М. (ва дигарон). Мантиқ. Душанбе, 1991;
  2. Кириллов В. И. Старченко А. А. Логика. Москва, 2002;
  3. Делина Л. А. Логика. Москва, 2003;
  4. Ивлев Ю. В. Логика. Москва, 2004;
  5. Гетманова А. Д. Учебник логики. Москва, 2006.