Jump to content

Гули патунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Атласӣ)
Гули патунӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Гули патунӣ (Petunia × hybrida; petun дар забони португалӣ ба маънии тамоку аст) - навъи рустании бисёрсола; гули маъруф. Дар натиҷаи гардолудонии навъҳои P. exillaris ва P. violacea рӯёнда шудааст.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш рост (20–80 см қад мекашад), сершох, мӯякдор. Баргаш серпашмаки махмалин, сафед, гулобӣ, сурх, арғавонӣ, бунафш (қутраш 5–12 см). Самараш ғӯзаи дуқабата. Тухмаш майдаи дорчинӣ (вазни 7500 донааш 1 г). Аз моҳи июн то октябр гул карда, тухм мебандад. Гули патунӣ аслан аз Амрикои Ҷанубист. Аввалҳои асри 20 онро ба Аврупо бурданд. Ҳама анвои мазрӯи гули патунӣ ба ду гурӯҳи калон тақсим карда мешаванд: кӯтоҳпояи резагул (P. h. multiflora) ва дарозрӯяи калонгул (P. h. grandiflora). Солҳои охир бештар дурагаҳои ҳетерозисии гули патунӣ, ки сергул буда, бармаҳал мешукуфанд, парвариш меёбанд. Гули патунӣ дар Тоҷикистон барои сабзкории боғу гулгаштҳо ва кӯчаву хиёбонҳо истифода мешавад. Бештар анвои бунафш («Какаду»), кабуд («Шапараки кабуд»), сурх («Команш», «Ҷашни тилоӣ»), сафед («Абри сафед») ва гулоби («Ҷавоҳирот», «Маркткнёнигин»)-и онро мекоранд. Гули патуниро дар тубакҳо низ мепарваранд. Аз тухму қаламча афзоиш меёбад. Тухмиро моҳҳои март – апрел ва охирҳои тирамоҳ, қаламчаро аввал дар қутӣ, сипас, баъди 3–4 ҳафта, дар замини кушод мешинонанд. Гули патунӣ баъди 60–80 рӯзи кӯчат мешукуфад. Дар замини ҳосилхез беҳтар нашъунамо меёбад. Гули патунӣ рустании рӯшноидӯст буда, ба камобӣ тобовар аст. Аз ширинча, тосаки хокистарӣ, решатосак, доғзанӣ ва касалиҳои вирусӣ осеб мебинад.

  • Растения для декоративного садоводства Таджикистана. М., 1986;
  • Александров М. С., Крестников А. Д. Озеленение балконов. М., 1991;
  • Попова Л. Я. Интродукция и приёмы культуры цветочно-декоративных растений. М., 1997;
  • Колесникова Е. Г., Горбаченков М. В. Петуния, сурфиния, калибрахоа. М., 2004. А. Мадаминов.