Jump to content

Амид Атоии Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ато ибни Яъқуб)
Ато ибни Яъқуб
عطا ابن یعقوب
Таърихи даргузашт: 1097(1097)
Навъи фаъолият: шоир

Ато ибни Яъқуб (форсӣ: عطا ابن یعقوب‎), маъруф ба Нокук (форсӣ: ناكوك [1]; ? — 1097) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соҳибмансабони дарбори султон Иброҳими Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 1059—1099) буд. Бо сабаби номаъ­луме ба ғазаби султон дучор гашт ва ба зиндон афтод. Аз зиндон озод гардид ва ба Лоҳур бадарға шуд. Дар ин ҷо ӯ ҳашт сол шаҳрбанд буд. Бо Масъуди Саъди Салмон муносибати дӯстӣ ва равобити эҷодӣ доштааст. Дар Лоҳур вафот кард. Масъуди Саъди Салмон дар вафоти ӯ марсияе гуфтааст. Ато ибни Яъқуб ба ду забон — форсӣ ва арабӣ шеър менавиштааст. Тазкиранигор Авфии Бухороӣ ба ду забон девон доштани ӯро таъкид кардааст. Девонҳояш мақбули аҳли адаб ва фозилони Арабу Аҷам будаанд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Ато ибни Яъқуб мебошанд:

 Масту шодон даромад аз дари тим,
 Карда беҷода дурҷи дурри ятим.
 Зери хатти забарҷадаш миме,
 Зери зулфи муанбараш сад ҷим.
 Зери ин ҷим Тубию фирдавсоли
 Зери он мим Кавсару Тасним.
 Гаштам аз ҷими ӯ чу ҷим дуто,
 Бар ман аз мими ӯ ҷаҳон чун мим.
 Аз насими гулу кулолаи ӯ
 Гули сурӣ ҳамерабуд насим.