Шарафуддини Самарқандӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Аълами Самарқандӣ)
Шарафуддини Самарқандӣ (форсӣ: شرفالدین سمرقندی; қарни қарни XVII) — таърихнигори форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пуррааш Мулло Шарафуддин Аълам ибни Нуруддин Охунд Мулло Фарҳоди Самарқандӣ. Бино ба маълумоти А. А. Семёнов Шарафуддини Самарқандӣ соли 1680 дар бораи таърихи Осиёи Миена асаре бо номи «Таърихи касира» эҷод кардааст. Ин китоб то кунун нопайдост. Муаррихи тоҷик Сайид Роқими Самарқандӣ «Таърихи касира»-ро мухтасар карда, ба он баъзе маълумотҳои тозаи қарни XVII-ро илова намудааст, ки бо номи «Таърихи Роқимӣ» машҳур аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарафуддини Самарқандӣ / У. Назиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Абдуллоев И., Ҳикматуллоев И., Самарқандлик олимлар, Тошкент. 1969.